Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Ман медонам, ки асаби ман ба муҳити атроф зуд мутобиқ шуда, фикру ақидаи навро эҷод карда метавонад, вале кӯшиш менамоям, ки фикру зикрамро ба нуқтаи асосӣ равона сохта, фақат оиди ҳамон масъалаи асосие, ки дар фаъолияти роҳбарии ман дар ҷои аввал меистад ва мақсади асосии мо низ барои иҷрои он равона шудааст, андеша намоям.

  2. Ман боварӣ дорам, ки дар натиҷаи худбоваркунӣ ҳамаи он мақсадҳои ман оҳиста — оҳиста ҳалли амалии хешро меёбанд ва ҳар рӯз аз натиҷаи амалигардии ақидаҳоям ҳаловат бурда, бовариам ба худ боз бештар мегардад.

  3. Ман кӯшиш мекунам, ки мақсадҳои асосиро ба нақша гирифта, доимо ҳар як элементи ӯро аниқу дақиқ меомӯзам ва то боварии пурра ҳосил насозам, ба иҷрояш оғоз намекунам.

  4. Доимо диққат медиҳам, ки аз ҳақиқат дур набошам, чунки фаъолият ва ё ақидае ки замина надорад, дур намепояд ва оқибат рӯзе ҳақиқат фош шуда, ғалаба мекунаду фаъолияти нодурустро решакан менамояд. Бинобар ин, чунин қоидаро ман аз дигарон низ талаб намуда, ҳаракат мекунам, онҳоро бовар кунонам, ки «Ҳақиқат — ҳақиқат аст». Аз дигарон доимо талаб мекунам, худро бисанҷед, ки худи Шумо ба фикратон пурра боварӣ доред ё не? Ман дигаронро бовар мекунонам, ки фикрҳои ман дурусти ҳалшаванда мебошанд ва барои коллектив ва ману Шумо метавонанд манфиати зиёде оранд. Аз дигар тараф, ин қонуни табиии адолатпарастӣ буда, шахси созандаро Худованди пок ва муҳити табиии дастгирӣ намуда, ба мақсадҳои некашон мерасонад. Касе ки дар ин муҳит мағлуб мегардад, бармеояд, ки оиди фикру рафтору касби худаш боварии комил надоштааст.
    Пас, фикри тарсу ваҳм, нобоварӣ ва ноустуворӣ ба зерсистемаи фаҳмишҳои мо ҷой гирифта, метавонанд моро ба нестӣ биёранд. Аз тарафи дигар, боварии қавӣ ва шуҷоатмандӣ монанди нерӯи барқӣ қувваи теладиҳанда ва ё ҳаракатдиҳандаи ақлонии мо буда, моро барои амалигардонии мақсадҳоямон равона сохта, хушбахт мегардонад. Дар кунҷи асаби ҳар як фарди соҳибақл донаҳои бузурги ақлонӣ хоб буда, барои бедор кардану ҳосил гирифтан аз онҳо кӯшишу ғайрат ва боз боварии комил зарур мебошад. Чуноне, ки мо дар мавзӯъҳои гузашта

пешина
аз 566
навбатӣ