Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

қайд намуда будем, барои баъзе мардони бузурги таърихӣ ин ҳодиса баъди 40 - солагӣ ба вуқӯъ пайваста, дунёро ба ҳайрат меоваранд. Ин ҳодиса аз он ҷумла ба пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ба вуқӯъ пайваста буд, ки асосашро дӯстдорӣ ба Худованди пок ташкил медод. Ин ҳолатҳо метавонад дар натиҷаи дӯстдории баланди касби интихобкардашуда, инчунин, ҳолатҳои дигар пайдо шавад. Аксари шахсиятҳои бузурги олами тасаввуф чунин қобилияти баландеро доранд ва ҳазорон ва миллионҳо одамонро бовар мекунонанд, ки ҳамчун як асаб рафтор, яъне дар пайравӣ фаъолияти онҳоро такрор намоянд.

  1. Дар роҳбарӣ доимо диққатҷо бояд ба он равона сохт, ки пеш аз талаб намудани чизе аввал ба онҳо чизе диҳед ва сонӣ натиҷагирӣ намоед. Мисол, пеш аз оне, ки ҳолати молиявии худ ва ё ташкилотонро мустаҳкам кардани мешававед, аввал ташкили дурусти фаъолияти корӣ ва барои кормандон шароити хуби корӣ ва ҳақмузди баланд муҳайё сохтан зарур аст. Дар натиҷа, фаъолиятатон боздеҳи худро дода, мақсади сарватманд шуданатон амалӣ мегардад.

Таърихи соҳибкорони ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад, ки аксари ташкилотҳои бузурги ҷаҳонӣ дар асоси фикрронӣ ва боварӣ доштан ба ақидаи як нафар пайдо гашта миллионҳо одамонро зери итоати худ қарор медиҳанд. Аз ин мебарояд, ки ҳар як роҳбар чунин имконро дорад, агар ба фикрҳои худ боварии комил дошта бошанд, яъне ақида ва боварӣ эҳтимоли баъди мӯҳлате ба миллиардҳо сомонӣ мубадал гаштан дорад.

  1. Зинаи аввали пайдоиши боигарӣ фикр буда, охиринаш низ фикр аст. Ҳаҷм ва давомнокии боигарӣ низ боз ба фикрҳои олӣ ва боварӣ ба онҳо вобастагии қавӣ дошта, ҳамон ҳолат боигарӣ аз даст меравад, ки фикр ва бовариатон коста гардад. Аз тарафи дигар, боварӣ тамоми маҳдудиятҳои иҷро нагаштани фикрҳоро аз байн рабуда, барои самаранок иҷро гаштани он шароити муфид фароҳам меорад.

Хонандаи азиз, мо бояд қайд намоем, ки инсон бо роҳи худбоваркунонӣ метавонад ба қуллаҳои баланди роҳбарӣ расида, дигаронро аз қафои худ бубарад ва худбоварии қавӣ ҳамон вақт пайдо мегардад, ки дониши мустаҳкам дошта бошед.

пешина
аз 566
навбатӣ