Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Мутахассисон дар он ақидаанд, ду шакли дониш вуҷуд дорад, ки дар фаъолияти роҳбарӣ имкони боварии пурраи мақсадгузориро таъмин сохта, метавонад диққати одамонро ба худ ҷалб намуда, онҳоро бовар кунонад.
-
Донишҳои умумӣ.
-
Донишҳои махсус.
Донишҳои умумӣ барои инкишофи фардии одамон кӯмак расонида, маълумотҳои умумии тафаккури инсониро мустаҳкам месозад. Донишҳои махсус бевосита раванди амалигардонии донишҳои умумӣ буда, барои ба даст овардани молу мулк хизмат мерасонанд. Аз ин хотир, фақат дониши умумӣ барои пешрафти иқтисодӣ кифоя набуда, балки донишҳои махсуси касбӣ барои роҳбарони оянда шарти зарурӣ ҳисоб меёбанд. Донишҳои махсусро, инчунин, донишҳои мақсаднок низ мегӯянд. Пас, донишманд фақат шахси бохабар аз донишҳои умумӣ набуда, балки ӯ боз имкони махсуси татбиқи хоҳишу боварии амалигардонии ин фикрҳоро дошта, инъикоси воқеии онро дарк месозад. Дар хотир бояд дошт, ки ҳеҷ гоҳ ин амал бо роҳи расонидани таъсири манфӣ ба дигарон бояд сурат нагирад. Инчунин, дар ҳаёти роҳбарӣ як қатор донишҳои умумие зарур мегарданд, ки барои пурра аз худ намудани он дониши як роҳбар басанда нест. Бинобар ин, хуб мебуд, дар вақти фаъолияти роҳбарӣ аз дониши кормандони хеш истифода карда, онҳоро низ барои расидан ба мақсадҳои олии ташкилот сафарбар намоед. Аксари роҳбарони бузург, аз он ҷумла Генри Форд, Наполеон, Билл Гейтс ва дигарон аз ин қобилиятҳо самаранок истифода бурдаанд ва бурда истодаанд. Аз ин хотир, метавонед дониши махсусро дар таҷриба аз дониши дигар кормандони хеш аз худ намуда, дар як муддати кӯтоҳ мутахассиси соҳибкасби соҳаи хеш гардед. Барои ин имкон диҳед, ки ҳар як корманди менеҷменти ташкилотатон донишу қобилияти касбии худро озод амалӣ карда тавонад ва зиракона аз он омӯзед ва дониши махсус аз бар намоед. Дар ин ҷо бояд қайд намоем, ки системаи пулакии маълумот низ яке аз равандҳои маҷбурсозии азхудкунии донишҳои махсус буда, дар инкишофи ин донишҳо кӯмаки махсус расонида, дар ояндаи роҳбарӣ мавқеи асосӣ дорад. Инчунин, курсҳои махсуси роҳбарӣ ва ё бозоршиносӣ, ки дар шакли ғоибона ва ё шабона амалӣ мегарданд, натоиҷи мусбӣ дода, ба пешрафти кори роҳбарӣ таъсири мусбат мерасонанд. Вақте одам барои коре ва хизмате маблағ месупорад, хоҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор