Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
нохост каме андешаи боздеҳи он маблағро карда, кӯшиш менамояд, ки донишу малакаи нав аз бар созад, яъне маълумоти иловагии ғоибона ва ё шабона боз имкони пурра кардани донишҳои махсусро дошта, барои фикрронии касбии роҳбар саҳмгузор мебошад. Дониши иловагии касбӣ бароятон роҳи нави муваффақият пайдо сохта, шуморо ба қуллаҳои баланди мақсадгузорӣ оварда мерасонад. Бояд бигӯям, ки банда нияте баъд аз оне, ки курсҳои махсуси «Таълими сарварӣ»-ро соли 1998-2002 дар ташкилоти байналхалқии ЮСАИД гузаштам, хоҳиши баланд ба ин илми шавқовари менеҷмент пайдо карда, ба омӯзиш ва таълифи китобҳои дарсии «Менеҷмент» шурӯъ намудам ва то имрӯз 3-қисми ин китобро дар ҳаҷми 1565 саҳифа аз чоп бароварда, ба як завқи баланд аз боғи пурмеваи ин илми замонавӣ лаззат бурда, қисми чорумро таълиф намуда истодаам, чунки ман боварӣ ҳосил кардам, ки хоҳишу рағбати ман нисбати ин фан хеле баланд буда, барои хонандаи азизам метавонам хизмате намоям, ки ҳазорсолаҳо дар хотирашон нақш бандад. Аз тарафи дигар, китобҳои ман ва дониши махсуси касбии менеҷмент имрӯз барои иқтисоди Тоҷикистони азиз ва ҳар як роҳбари зинаҳои гуногуни идоракунӣ хеле зарур буда, дар инкишофи он фоидаи калон мерасонад, чунки ин мушкилоти имрӯзаи иқтисодии мамлакатамонро мо фақат бо роҳи ташкили дурусти истифодаи захираҳо ва фикрронии аниқу дақиқи ақлонӣ метавонем ба зинаҳои баланди ташаккул бурда расонем.
Ба ин васила ба ҳар як устоди соҳибхирад ва ҳар як роҳбари комил гуфтани ҳастем, ки агар дар ҳақиқат мақсади ҳамаи мо неку созандагӣ бошад, биёед якҷоя камари ҳиммат баста, барои боз ҳам пурра кардани фикру ақидаҳои якдигар оиди илми менеҷмент кӯшишу ғайрат намуда, Тоҷикистони азизро аз ҳолати касодии хиради роҳбарӣ наҷот диҳем, на ин ки ба якдигар бадбинию бадхоҳӣ карда, аз инкишоф рӯй гардонем. Банда дар чунин ақида устувор мебошам, ки фақат ва фақат менеҷменти боҳиради ташкилотию ҳукуматӣ қобилияти фикррониии солим дошта, «Зиндагонии хуб»-ро барои тамоми ҷомеаи тоҷикон таъмин карда метавонад, на бесаводонию кӯрбину бадхоҳи бо ном иқтисодшиносу ҳомии халқ, ки то 65 - 70 солагиашон мардуми тоҷикро фиреб карда, худ ҷоҷапарасти Шӯравӣ буданд ва то ҳол ҳатто бо забони модарӣ сухан гуфта наметавонанд. Онҳо худашон аз хиради тоҷикӣ бехабар буда, ба ҷуз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор