Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
мегирифтанд. Вақти бозгашт ба ватанашон туҳфаҳои зиёде, махсусан китобҳои қимматбаҳо, ҳамчун ҳадя аз амирому ҳокимону вазирон ва намояндагони девон қабул мекарданд.
Ҳамин тариқ, дар таърихи давлатдорӣ ва фарҳангии миллати тоҷик замони «Оли Сомон» ба авҷи аълои худ расида, Бухорои Шариф дар охири асри IX ва аввали асри X дар тамоми қаламрави тамаддуни исломӣ, дар ривоҷу равнақи илму ҳунар ва парвариши олимону донишмандон шуҳратманд гашта, бо хираду ҳикмату дониш ҷаҳонро рӯшноӣ бахшид. Дар таърихи менеҷмент низ ин давра бо хатҳои заррин сабт карда шудаанд, яъне ин замон ҳамчун давраи ташаккули мактаби классикии рафтори инсонӣ эътироф шуда, нерӯи созандагии инсон бо авҷи болои хеш расида буд.
Дар ин давраи тиллоии таърихии тоҷикон машъали дониш шурӯъ аз Бухорои Шариф фурӯзон шуда, дар Мисру Ҳинд, Юнону Чин, Эрону Бобулистон нерӯи ақлу хиради инсониро аз нав барафрӯхт ва донишварони пуркудратеро ба дунё оварда, парвариш намуд. Дар ин замина амирони донишманди Сомониён ба ҷаҳоншиносии нави ваҳдонӣ ва дастгоҳи идоравии хилофат ноил гаштанд, ки барои амалӣ гардондани ормонҳои миллию фарҳангии тоҷикон мақоми арзанда доштанд. Аз ин хотир аксари донишмандони тоҷик ба Бухорои Шариф рӯй оварданд ва бо хоҳиши баланд ва ифтихори миллӣ ба инкишофи илм машғул буданд. Қадру қиммати донишмандону олимон аз қадру қиммати амирону вазирон кам набудааст, чуноне ки пештар ишора намудем, «донишмандонро дар баробари шоҳ ба заминбӯсӣ маҷбур намекарданд».
Таваҷҷӯҳи дигари миллати тоҷик дар ин давра китоб, яъне таълиф ва эҳтироми осори пурарзиши ниёгон буда, маҳз дар ҳамин давра китобдорӣ ва мутолиаи осори гаронбаҳо ба зинаи хеле баланд расидааст. Ҳатто файласуф ва донишманди бузурги миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино менависад, ки аз китобхонаи Сомониён китобҳоеро хондам, ки мислашро то ҳол надида ва ҳатто номашро нашунида будам.
Маҳз дар ин давра дар девони вазирон ва дарбори Сомониён кору
фаъолият намудани донишмандону хирадмандон, ҳакимону суханварон имкон
фароҳам овард, ки илми идоравӣ ва роҳбарӣ ба авҷи аълои хеш бирасад. Ин
давра ҳамчун инқилоби фарҳангии миллати тоҷик дар таърих муаррифӣ шуда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё