Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
перомуни он забони миллии тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта, барои бунёди давлати миллии тоҷик шароити мувофиқ фароҳам овард. Аз тарафи дигар, маҳз дар ҳамин давра забони муқаддаси тоҷикӣ соҳиби сармояи бузурги фарҳангӣ гашта, сухани тоҷикӣ бо маънои томаш расмияти сиёсию давлатӣ ва фарҳангию динӣ пайдо намудааст. Аз ин лиҳоз шеваи суханварӣ ва суханофарӣ низ арзиши миллӣ пайдо кард. Донишмандону ҳунармандони фарзонаи миллати тоҷик дар аксари соҳаҳо ба комёбиҳои фараҳбахш ноил гашта, тамаддуни миллати хешро ба зинаи олии худ расониданд.
Маснавинависӣ ва ғазалсароӣ арки болои худро ёфт. Аз дигар тараф, қиимҳои фикрию зеҳнӣ ва завқию ҳунарии илоҳӣ ва азалии фарҳангофаринии миллати тоҷик боз болои саҳна омад, ки садсолаҳо хомӯш монда буданд.
Як нуқта ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки амирони Сомонӣ худ аз хонаводаи поктавқар будаанд ва тарбияи ин фарзандон аз хурдӣ дар рӯҳияи хираду хирадмандӣ ва илму дониш сурат гирифтааст, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки амирони Сомонӣ ба илму дониш ва олимону донишмандон таваҷҷӯҳи хоса дошта, онҳоро ҳамчун ганҷинаи бебаҳои давлат қадрдонӣ менамуданд ва дар аксар базму ҷамъомадҳои шеърхонӣ бевосита худашон иштирок менамуданд.
Вазирони Сомониён низ аз зумраи хирадмандону донишмандон будаанд, ки ба аҳли зиё эҳтироми хоса доштанд. Аксари китобҳои нодири таърихию фарҳангӣ дар ин давра бо дархост ва кӯмаку дастгирии амирони Сомонӣ таълиф ва интишор шудаанд. Дар ин мавриди донишманди охири асри X ва ибтидои асри XI дар асари чорҷилдаи «Ятимат-уд-даҳр» роҷеъ ба шуарои арабизабони Мовароуннаҳру Хуросону Эрон маълумот дода, номи 119 шоири гузаштаву муосирашро ёд кардааст, ки аз онҳо 4 нафар амир, 8 тан вазир, 28 котиб, 31 нафар ҳокиму амалдор, қозӣ ва заминдору давлатманд будаанд.
Бояд гуфт, ки мазмуну мундариҷаи ин китобҳои заррин як идроки наве дар инсоншиносию инсондӯстӣ, ҳақиқатпарастию ҳақиқатҷӯӣ, моҳияти одаму олам, ақлу дониш дар ташаккули хиради роҳбарӣ мебошанд, ки аз мавзӯъҳои муҳими менеҷменти имрӯзаи Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Маҳз шоҳноманависӣ, ки дар ин замон авҷ мегирад ва жанре мебошад, ки таҷассӯмгари хиради роҳбарӣ буда, дар онҳо бузургтарин арзишҳо ва беҳтарин
1 Мирзозода Х. Таърихи адабиёти тоҷик, китоби 1, с. 171.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё