Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кордонию ҳунар, ақлу хирадро дар худ ҷой карда, ботину зоҳири худро доимо покиза бояд нигоҳ доранд.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки роҳбарӣ ин саҳнаи театри калон буда, роҳбар бояд дар назди тамошобин нақши асосиро бозида, диққати мардумро ба худ то охири намоиш ҷалб карда тавонад. Барои ин вай бояд дар тамоми вақти намоиш нақши махсуси худро дошта, аз майдон берун набошад ва мардум низ бо нигоҳи хеш ва рафтори хеш аз қафои ӯ раванд. Дар ҳар як лаҳзаи намоиш бояд ҳаракатҳое зоҳир намояд, ки аз ҳаракатҳои тамоми актёрони саҳна фарқ карда, ба тамошобин диққатҷалбкунанда бошад. Роҳбари асил ва дорои хислати баланди эҷодкорӣ худро дар саҳна гузошта, ҳамчун тамошобин аз толор боз тамошо мекунад. Баъзе пешвоёну сиёсатмадорони бузург барои эътимоди комил ҳосил кардан шахсони монанди хешро пайдо намуда, ба саҳна бароварда, худашон аз толор назорат менамоянд. Нақл мекунанд, ки Сталин аксар маврид шахси ба худ монандро дар дафтари корӣ гузошта, худаш номаълум аз дарбонҳо чӣ хел тайёрӣ дидани кормандонро барои ворид гаштан ба дафтари корриаш назорат намуда, аз тарсу ваҳму ҳаяҷони онҳо ҳаловат мебурдааст. Ҳатто лашкаркашони бузург пеш аз қабули Сталин ба худ чанд маротиба дар назди оина нигоҳ карда, бо сад тарсу ларз ба назди ӯ медаромаданд. Ҳолатҳои дигарро низ мушоҳида кардан мумкин аст, ки вақте роҳбар зан аст, аксар маврид аз мавқею ҷинси латиф будани худ даст кашида, либосу рафтори мардонро қабул менамояд, то кормандон заифии ӯро ҳис накунанду ӯро ҳамчун роҳбари мард қабул намоянд.

Вале дар хиради менеҷмент таъкид карда мешавад, ки ҳар як роҳбар бояд
нақше интихоб намояд, ки барои иҷрои мақсадҳои асосии роҳбарӣ мувофиқ
буда, ягон маҳдудиятеро ба миён наорад ва аз берун идора нашаваду бо касе
мӯҳтоҷу дастнигар набошад. Маҳз, ҳамон нақше, ки ҳамчун роҳбар мустақилона
аз рӯи ақлу хиради роҳбарӣ қабул намудаед, метавонад Шуморо муҳофизат
намояд, чунки ин нақшест, ки метавонад баъди костюмро иваз кардан мазмуни
худро дигар кунад. Кӯшед, ки чунин нақшро дар шахсияти хеш камтар истифода
кунед, чунки метавонед аз одами воқеӣ ба актёр табдил ёбед. Аз тарафи дигар,
агар худатонро дигар накунед, он гоҳ мардум мегӯянд, ки Шумо танҳо актёри
бомаҳорат ҳастед. Дар асл он хислате, ки гӯё шумо бо он таваллуд шудаед,

пешина
аз 566
навбатӣ