Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
роҳҳою усулҳои роҳбарӣ баён шудааст, ки асоси фалсафай менеҷменти имрӯза ба ҳисоб меравад.
«Шоҳнома»-и безаволи устод Абулқосими Фирдавсӣ аз сарҷумлаи ин асарҳост, ки мо дар қисмҳои аввали китоби «Менеҷмент» оид ба мазмуну мундариҷаи ин асари безавол мисолҳо ба тариқи гулчин гуфта гузаштаем. Ҷаҳоншиносӣ ва тафаккури Фирдавсӣ муҳимтарин дастовардҳои ақливу маънавии шарқу ғарбро бо ҳам омехта гардонидааст, ки ин назари пурасрори ҳикмату моҳияти таърихӣ дошта, мақоми мардуми аҷронитаборро дар паррави хиради ҷаҳонӣ ва худшиносии миллӣ ба ҷойи аввал гузоштааст. Худи устод Фирдавсӣ инро чунин баён намудааст:
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Аз ин пас намирам, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро паркандаам.
Асари дигари таърихии ҳамон замон «Таърихи Табарӣ»-и Муҳаммади Балъамӣ ба ҳисоб меравад, ки мақсади асосии ин асар низ зиндагардонии осори ниёгон ва таърихи мардуми форс-тоҷик мебошад. Маҳз дар ҳамин китоби таърихӣ омадааст, ки забони порсӣ аз рӯзгори Одам то рӯзгори Исмоил пайғамбар буд. Маҳз қадршиносии дарбору девони вазирони Сомониён аз уламову шуаро, қиёмҳои ақлию завқии ҷомеа дар заминаи ҳадафҳои миллӣ имкон дод, ки муҳити фикрию адабӣ ва донишмандию суханварӣ, адолату адолатпарастӣ пайдо гардида донишмандони зиёдеро дар дохили дарбор ва берун аз он рӯйи саҳна биёранд. Маҳз дар ҳамин давра бузургони миллати тоҷик Абуабдуллои Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Шаҳиди Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Абуалӣ ибни Сино, Ҳаббозии Нишопурӣ, Дақиқӣ, Муродии Бухорӣ, Абӯшакури Балхӣ, Имораи Марвазӣ, Абу Зироа ва дигарон ба майдони илму адаб омадаанд.
Қобили зикр аст, ки маҳз чунин фарзандони боақлу бозаковат ва хирадманди тоҷик буданд, ки ҳанӯз дар асрҳои IX-X имконе пеш омад, то мо тоҷикон бо ақлу хирад пешвоён ва пешоҳангони фарҳангию сиёсӣ ва давлатдорию роҳбарии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар саросари олам шинохта шавем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё