Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳақиқат бо нияти нек роҳбарӣ кардан қувваи бузурги диққатҷалбкунандае мебошад, ки ба чашми атрофиён зуд айён мегардад. Агар боғе бунёд карда бошед, ҳар саҳар ба он назар карда, аз ҳаловаташ сер намешавед. Ба ақидаи мардуми мусулмон ҳар як дарахт низ зикри Худо карда, ба шумо бурдбориҳо талаб менамояд. Аз тарафи дигар, ин қувваи дили шумо буда, худ ва атрофиён боварии илоҳие пайдо мекунед ва мақсадҳои гузошташударо сарбаландона иҷро менамоед. Ҳамчунин, вақте ҳамчун роҳбар доимо нияти нек доред ва ба тарафи мусбии масъала назар месозед, бадхоҳон ба он аз нигоҳи манфӣ нигариста, ба Шумо паҳлӯҳои манфии онро баён месозанд, чунки шахсе нияти бад дорад, доимо дар тарсу ваҳм буда, дар баробари бо нияти нек пешниҳод намудани масъалае ҳатман тарафи бадиашро аз тарси хеш пайдо месозад. Чунончи мо пештар гуфта гузаштем, «Қашшокӣ хоҳиши худи қашшоқон аст». Бинобар ин, нияти неки созандагӣ аллакай қадамҳои мустаҳкам ба пеш буда, кӯшиш ва таъсиррасонии мусбӣ ба муҳити рӯҳии кормандон аст. Ин фаъолият имкон медиҳад, ки дигар атрофиён низ сифатҳои неки худро пайдо созанд ва ноҳаросида бо шумо якҷоя фаъолият намоянд, яъне имконоти ошкор гардидани қобилиятҳоро пайдо мекунед. Шахсони қобилияти пасттари некхоҳӣ дошта низ Шуморо бо дилу ҷон пайравӣ намуда, барои иҷрои кор бо дилу нияти соф камар мебанданд.

Нияти нек дар иҷрои вазифаҳо ва мақсадгузорӣ як шакли боварӣ буда, роҳбари дорои чунин қобилият ҳеҷ гоҳ ба каму беши ноомадиҳо аз ин нияти некаш намегардад, чунки ӯ пешакӣ ақли худро ба тамоми ҷабҳаҳои пуркуввати некӣ тайёр намудааст ва бадиро умуман намепарастад. Бояд гуфт, ки ин усулро рӯҳшиносон як роҳи ба қобилияти баланди зеҳнӣ расидан низ мегӯянд.

Бартарияти дигари ин усулро боз дар ҷараёни пайвастаи алоқамандии роҳбар ва кормандону табиат метавон мушоҳида кард, чунки вақте роҳбар баромади расмӣ мекунад ва ё фикрашро дар воситаҳои ахбори умум дар шакли фармону супориш баён ва мақолаю китоб чоп мекунад, як майдони озодии табиии накӯҳоҷоне пайдо мегардад, ки ҳама хоҳиши ба ин майдон омадан карда, қобилияти худро ба намоиш мегузоранд ва харидору тарафдорони зиёдеро пайдо мекунанд.

пешина
аз 566
навбатӣ