Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Усули дигари дил ба даст овардан, дӯстдорӣ мебошад. Оиди ин масоил донишмандони соҳаҳои гуногун ва бузургони мардуми тоҷик асарҳое офариданд, ки дар ҷаҳон ҳамтои худро надоранд. Мо қариб дар ҳар як мавзӯи китобамон ин усулро дар шакле ва ё ифодае ба шумо, хонандаи азиз баён кардаем. Дар ин мавзӯъ боз як маротибаи дигар он омилҳои дӯстдориро мухтасар баён менамоем, ки бевосита барои дар дили одамон ҷой гирифтани роҳбар кӯмак мерасонанд.

Дар хиради менеҷменти тоҷик ин омилҳоро чунин табақабандӣ мекунанд:

  1. Хоҳиши баланди мақсадҳои накукорӣ доштан, ки манфиати коллективро пурра дар бар гирифта, ҳавасмандӣ ва хоҳиши онҳоро баланд месозад.

  2. Доимо андешаи созандагӣ ва тозагии экологӣро сармашқи кори худ карда, ақлу хирад, фаҳмишу иродаи хешро барои таъмини зиндагонии хуби одамон ва муҳити солими табиат равона сохтан. Боғеро бунёд намудан низ хиради бузург мебошад.

  3. Алоқаи пайваста ва наздик бо шахсиятҳои хирадманду эҷодкор, мақсадҳои накӯ ва омӯзиши амиқи табиат. Ва дур будан аз бадхоҳону бадрафторону бадтинатон.

  4. Худмазбурсозӣ ва худбоваркунонӣ барои иҷрои мақсадҳои накӯ ва фаъолиятҳои созандагӣ. Ин фаъолиятро то ба дараҷае бояд инкишоф дод, ки ақл ва дониш онро ҳамчун як сарчашмаи илҳом истифода карда, ба одати хеш табдил диҳанд.

  5. Худназоратии доимии рафтор ва роҳбарии ақли хеш оиди муносибат ба одамон, муҳити атроф ва ҳаёти ширини худатон. Ба ин хислат бояд чунон одат намоед, ки дар шаби хобатон он рафтори рӯзонаатонро боз як бори дигар таҳлил карда гузаред. Дар ҳақиқат, агар роҳбар ба ин дараҷаи ақлонӣ бирасад, дар шаби хоб ақли ӯ ба Худованд пайваст шуда, дар ҳама гуна кору фаъолият дили покаш пешакӣ ҳис ва ӯро хабардор мекунад.

Таърихи башарӣ гувоҳӣ медиҳад, ки тамоми одамони бузурги дунё як
хислати умумӣ доштанд ва доранд ва ин ҳам андешаронии нек ва рафтори
созандаю накӯкорӣ мебошад. Дар шакли дигар ин умед, боварӣ, хоҳиш, ирода ва
нияти поки инсони соҳибақл аст, ки роҳи асосии ба Худованди Карим наздик

пешина
аз 566
навбатӣ