Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
намояд. Вақте роҳбар ягон тағйироти бар озодии табиии муқобилро пешниҳод мекунад, новобаста аз қудраташ оқибат нобуд мегардад. Чунончи дар замони худ Гитлер ва Сталин системаи навини маҳдудиятҳои ҳокимиятдории хешро бо воситаи зӯрию хунрезиҳои зиёде ҷорӣ карда шуда, муҳлате ба майдон сиёсат ва ҳокимият ворид шуданду тез нобуд гаштанд. Аммо эҷодкориҳои ақлонии донишмандони бузурги ҷаҳон, аз он ҷумла тоҷикон Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Саъдию Ҳофиз, Хайёму Ҷомию Бедил ва ҳазорҳо хирадмандони дигар имрӯз ния роҳнамои ҳар як роҳбари бохирад мебошанд, чунки аз эҷодиёти онҳо садои дили Илоҳӣ меояд, ки тамоми вақт шунавандаю бинанда ва бахшояндаю некхоҳу пок ва пеш аз ҳама табиианд. Маҳз ҳамин нуқта бояд дар дили ҳар як сарвари хирадманд ва ба ин васила дар дили кормандон низ мустаҳкам ҷой гирифта, ӯро дӯст доранд, эҳтиромаш кунанд ва итоаташ намоянд.
49.2. Таъмини босуботи инкишофи роҳбарӣ ва дӯстдорӣ бо роҳи мубориза ба муқобили камбизоатӣ
Қонуни табиии инкишоф ин мубориза буда, инсоният бо ин роҳ имконоти худро оид ба вуҷуд доштан, фаъолият кардан, инкишоф ёфтан ва муқобилият нишон додан пайдо карда, дар муҳити муайяне кору фаъолият менамояд. Муборизаро метавон як шакли тавоно гаштан ва пайдоиши бештари имконот номид ва инсон аз рӯзи аввали таваллуд то ба гӯр рафтан ба он гирифтор буда, касе аз ин халосӣ надорад.
Муборизаи аввали инкишофи босуботи роҳбарӣ, роҳи асосии мубориза ба муқобили нодонӣ дониш омӯхтан буда, ҳар рӯз омӯзему дониши нав гирем ҳам, боз барои мо нокифоя аст, яъне ин муборизаи тамоми умрӣ буда, аз натиҷаи он инсон ғизо гирифта, сарватмандиро соҳиб мегардад ва ба сарварӣ худро омода месозад.
Муборизаи дуюми инкишофи босуботи роҳбарӣ барои ба даст овардани молу неъмат буда, хусусияти хоси худро дорад ва бисёри роҳбарон аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор