Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

қонуниятҳои ин мубориза бехабар буда, якбора ба муборизаи беақлонаи сарватҷамъкунӣ шурӯъ мекунанд, ки эҳтимоли набуд сохтан дорад.

Муборизаи сеюм нигоҳ доштани саломатӣ буда, барои роҳбар тамоми умр яке аз шаклҳои зарурӣ мебошад. Доимо ва пайваста ба муқобили бемориҳо мубориза бурда, инсон кӯшиш ва хоҳиши саломатии хуб мекунад. Бояд гуфт, ки барои роҳбарӣ тани солим ва нерӯи қавӣ шарти зарурӣ буда, сарвари бемор ин сарвар нест.

Муборизаи чорум мубориза баҳри сарварӣ намудан буда, дар нигоҳ доштани обрӯй ва сарчашмаи даромад барои зиндагӣ зарур мебошад. Ин аллакай зинаи баландтари муборизаи инсонӣ буда, одамон вобаста аз дониши ба даст овардаашон аз синну соли гуногун ба он шурӯъ менамоянд ва роҳбарӣ мекунанд.

Муборизаи панҷум дар сарварӣ соҳибэҳтиром гаштан ва меросе боқӣ гузоштан мебошад. Ин зина низ зинаи баланди мубориза буда, на ба ҳамаи инсонҳо муяссар мегардад.

Хонандаи азиз, мушоҳида намудед, ки дар панҷ ҳолати муборизаи ноил гаштан ба сарварӣ, қаҳрамони асосӣ худи Шумо буда, бурду бохти майдон ба ҳаракатҳоятон вобастагии калон дорад. Пас, қуввати рӯҳӣ ва ҷисмоние, ки дар зиндагонӣ мегиред, ин натиҷаи ҳамон панҷ намуди мубориза мебошад ва танҳо ин муборизаҳоро паси сар намуда, инсон соҳиби қувваи бузурги хирадмандонае мегардад, ки ӯро ба мақсадҳои баландаш бурда мерасонад. Аз тарафи дигар, моро табиат бо ҳамон хислат офаридааст, ки доимо дар мубориза бошем. Шахсе ки аз ин функцияи асосии инсонӣ даст мекашад, ҳатто оилаи худашро сарварӣ карда наметавонад. Бояд гуфт, ки ин панҷ намуди мубориза барои ҳар як марди соҳибақл шарти зарурӣ мебошад.

Дар хиради менеҷменти тоҷик чунин гуфторе ҳаст, ки чӯби боқувватро ҳамон дарахте медиҳад, ки худ дар гармою сармо алоҳида ба воя расидааст. Он дарахте, ки дар ҷангал ба воя мерасад, қуввати дарахти танҳоро надорад. Инсон низ монанди дарахт аст. Таърихи башарӣ гувоҳӣ медиҳад, ки тамоми пешвоён роҳи пурмашаққати муборизаро тай карда, ба муваффақиятҳо ноил гаштаанд. Аз дигар тараф, таърихи инкишофи башарӣ низ аз муборизаҳои вазнини таърихӣ иборат буда, хости худи Худованд аст, ки инсон бояд ин муборизаҳоро паси сар намояд ва баъдан ба қадри худ ва табиат мерасад. Шахсе мехоҳад, ки бе

пешина
аз 566
навбатӣ