Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Саффориён, Сомониён ва Ғазнавиёну Салчуқиён ҳукуматдории вилояти Ғурро ба уҳда доштанд.

Аз чунин як шароити қулайи парокандагии тоҷикон, ғоратгарони муғул бо сардории Чингизхон истифода карда, ба Осиёи Миёна лашкар кашиданд.

Ҳодисаи ҳуҷуми муғул яке аз саҳифаҳои хунитарину даҳшатноктарини халқи тоҷик ва сарзамини он маҳсуб меёбад. Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум мегардад, ки Чингизхон на дину на миллат дошт, бинобар ин ӯ фақат ба қатл, ғорат ва сӯхтани шаҳру деҳот машғул буд. Бадбахтии дигар он буд, ки дар як муддати кӯтоҳ аз бодиянишонони туркӣ ва дигар ҳамқабилаҳои ӯзбеки хеш истифода бурда, муғулҳо ҳокимияти худро дар Осиёи Миёна ҷорӣ намуданд.

Ҳар сол бочу хироҷи замин афзуда, аҳволи деҳқонон хеле вазнин мешуд.
Вазъияти тиҷорат низ хеле мушкил буда, тоҷирон барои доду гирифт пул надоштанд.

Дар замони муғул ҳукумронӣ ба дасти сулолаи маҳаллии тоҷикони кӯҳистон Куртҳои Ҳирот мерасад. Баъди Малик Рукнуддин ҳукумати он минтақаро писараш Шамсуддини Курт дар соли 1245 ба уҳда мегирад.

Охирин давлати асримиёнагии тоҷикон ин давлати Сарбардорон (1337-1383) мебошад, ки дар ин муддат ба муҳорибаҳои сахти зидди муғул гирифтор буданд.

Дар чунин як замони ниҳоят мушкили иқтисодию сиёсии мардуми тоҷик, бузургтарин донишмандони миллати тоҷик: Мавлоно Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Шамс Қайси Розӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ ба майдони илму адаб омадаанд.
Осори ин донишмандон то имрӯз ҳамчун сарчашмаи ақлу хиради волои инсонӣ ба тамоми ҷаҳониён хизмат карда истодаанд. Асари машҳури Мавлоно Румӣ «Маснавии Маънавӣ» бо якчанд забон ва ҳуруфоти дунё тарҷума ва чоп шудааст. Соли 2004-ум бошад асари мазкур бо ҳуруфоти кириллии забони тоҷикӣ аз чоп баромад, ки барои хонандаи тоҷик хеле қулай мебошад. Дар нимаи дуюми ҳамин китоб мо аз ин ганҷи бебаҳо иқтибосҳо меорем ва андешаронӣ менамоем.

Донишманди дигар Саъдии Шерозӣ аз худ асарҳои хирадмандонаи
«Гулистон» ва «Бӯстон» ва ашъори зиёди дигар боқӣ гузоштаанд, ки имрӯз ҳар
як фарди миллати тоҷик аз он бархӯрддорӣ мебошанд. Устоди бузург ҳокимону

пешина
аз 566
навбатӣ