Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
золимонро - дар асарҳои худ сахт маҳкум намуда, онҳоро ба эҳтирому қадршиносии инсонҳо даъват менамояд.
Хонандаи азиз, оид ба инкишофи илму маърифат ва хиради роҳбарии ин давра, инкишофи иқтисодӣ ва равандҳои он, бартариятҳои системаи ҳукмронӣ ва давлатдорӣ фикри аниқу дуруст баровардан ғайриимкон мебошад, чунки:
- Дар ин давра як давлати муттамаркази аниқе вуҷуд надошта, парокандагиҳои минтақаҳо ва вилоятҳо мушоҳида карда мешавад.
- Ҳокимони вилоятҳо тез-тез иваз шуда, дар идоракунӣ аксар маврид худмухтор буда, аз тарзу усули идоравие истифода мебурданд, ки асоси илмӣ надоштанд ё худ фақат барои минтақаи худашон ва замони ҳукмронии худашон қабул буду халос.
- Ҳуҷумҳои ғоратгаронаи муғул ва баъдан бодиянишони турку ӯзбек намегузоштанд, ки миллати тоҷик зиндагии осоишта дошта, шоду хуррам умр ба сар барад.
- Ҳокимону ғоратгарон, ки тез-тез иваз мешуданд як системаи идоравии ба халқи тоҷик номақбулро ҷорӣ менамуданд, ки баробари аз байн рафтани онҳо системаи идоравиашон низ пароканда мешуд.
- Умуман, дар таърихи миллати тоҷик ин давра тарзу усул ва сохтори идоравие боқӣ монда буд, ки аксар мардум аз ҳуқуқҳои инсонии худ пурра маҳрум буданд.
Мисол, дар замони муғулҳо заминҳои кишоварзиро ба чор гурӯҳ ҷудо менамуданд:
- Замини давлатӣ.
- Замини мулки феодалӣ.
- Замини вақф.
- Замини мулки деҳқон.
Ҳар яке аз заминҳо андозбандии алоҳида карда мешуданд.
Андози асосии замин дар замони Темури Ланг ва темуриён бошад ба ду шакл ситонида мешуд: 1. ба тариқи мол. 2. бо тариқи пул. Одатан ба василаи андози замин сеяки ҳосили замин бударо мегирифтанд. Вале баъзе амалдорони маҳаллӣ аз ноӯҳдабарории роҳбарии ҳукумати марказӣ истифода карда, андозро худсарона зиёд мекарданд, ки ин ба зиёдшавии норозигии мардум оварда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё