Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
экологикунонии роҳбарӣ ва ташаккули босуботи менеҷмент таваққуф намуда, равандҳои фаъолият ва муносибати роҳбарро ба захираҳои табиӣ таҳлил менамоем.
Шароити табиии Тоҷикистон чунин аст, ки аз сатҳи баҳр дар баландии 300 то 7495 метр ҷойгир буда, қариб 55% обҳои дарёи Осиёи Марказӣ аз кӯҳҳои баланди Тоҷикистон сарчашма гирифта, тоза ва нӯшокӣ мебошанд. Аҳолӣ бошад дар ҳудуди 7%, ки ҳамвор аст ҷойгир шуда, боқимонда 93%-ро кӯҳҳо ташкил медиҳанд.
Тоҷикистон давлати кӯҳанбунёде мебошад, ки тамоми хусусиятҳои чор фасли сол дар ин ҷо ба пуррагӣ мушоҳида шуда, иқлимаш барои парвариши қариб тамоми навъҳои олами набототу ҳайвонот мусоид аст. Хоки ин сарзамин хеле серҳосил буда, маданияти зироаткориро мардуми тоҷик ҳанӯз дар асрҳои IX ва VIII пеш аз солшумории мо бо роҳи обёрии заминҳо ва кандани корезҳои калони обёрӣ аввалин шуда, шурӯъ карда, то ба дараҷаи баланд оварда расонидаанд. Дар айни замон зиёда аз 75% аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагонӣ карда, бевосита истифодабарандагони фаъоли захираҳои табиӣ - замину об мебошанд ва қисми зиёди зироати кишоварзӣ аз заминҳои обӣ гирифта мешаванд. Аммо, сад афсӯс ки қариб 80% ин мардум ҳамчун мардуми камбизоат ба ҳисоб мераванд ва аз ин миқдор зиёда аз 20%-ро қашшоқон ташкил медиҳанд. Аз нигоҳи банда, сабаби асосии ба чунин ҳол гирифтор шудани мардум паст будани донишмандӣ ва саводи экологии мардум ва беҳирадии экологии роҳбарони соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Таҳлилҳои иқтисодию экологӣ нишон медиҳанд, ки инкишофи яктарафаи истеҳсолот ва роҳбарии маъмурии кишоварзӣ дар солҳои иқтисодиёти нақшавии Шӯравӣ, ба он овардааст, ки роҳбарони беҳирад барои иҷрои нақшаҳои бемантиқи яказироат «Пахта» тамоми қоидаҳо ва қонуниятҳои хоси экологиро ба назар нагирифта, бо роҳи истифодаи 20 - 25 каратаи зиёда аз меъёри нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо, барои хоҷаҳои марказ пахта истеҳсол мекарданд. Дар натиҷа зиёда аз нисфи фонди тиллоии заминҳои обёришавандаи мамлакатро ба эрозияи обӣ гирифтор намуда, зиёда аз 120 ҳазор гектар ин заминҳоро ба шӯразор табдил доданд, ки боз чандин соли дигар ҳосили дилхоҳ дода наметавонад. Новобаста аз он, ки мо сол аз сол ба ин заминҳо хароҷоти 3- 4 каратаи зиёди молиявӣ сарф мекунем, аммо онҳо ҳосили дилхоҳ намедиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор