Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Аҳолии қишлоқҷойҳо бошанд, ба бемориҳои гуногуни сирояткунанда аз қабили сил, домана ва камхунию дизентерия гирифтор мебошанд. Мувофиқи маълумотҳои ВОЗ дар даҳ соли охир шумораи беморони сил 25% ва камхунӣ бошад 28% зиёд гаштааст. Зиёда аз нисфи аҳолии қишлоқҷойҳо аз обҳои кушоди каналҳо ва ҷӯйҳо истифода мекунанд, ки дараҷаи ифлосии онҳо аз меъёр қариб 2 маротиба зиёд мебошад. Махсусан, дар вақти нашгунамои пахта дар фасли тобистон ин нишондиҳандаҳо боз баланд шуда, ба заҳролудшавии аксари аҳолии минтақаи заминҳои обӣ ва хусусан кӯдакон оварда расонидааст, ки ин хеле хавфнок мебошад. Дар ҳуҷҷати давлатии «Стратегияи кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон» аз 19-уми июни соли 2000-ум омадааст, ки давомнокии миёнаи умр дар Тоҷикистон 68,4 солро ташкил карда, дараҷаи фавти кӯдакон 19,4 ба 1000 кӯдак ва фавти модарон бошад, 58,2 ба 100 000 зани кӯдактаваллудкунанда рост меояд. Бояд гуфт, ки дарозумрӣ низ яке аз нишондиҳандаҳои хиради экологии роҳбарӣ буда, ҷараён ва ё низоми роҳбариро инъикос менамояд. Дар аксари ҳуҷҷатҳои байналхалқии меҳнат гуфта мешавад:
«Давлатро зарур аст, ки тамоми чорабиниҳоро барои таъмини дараҷаи некуаҳволии мардум, аз он ҷумла барои хӯрок, либос, маҳалли зист, хизматрасонии тиббӣ, маълумоти умумӣ ва таъмини муҳити хуби экологию иҷтимоӣ пайваста пурзӯр созад».

Аз ин нуқтаи назар дараҷаи некуаҳволии мардумро аз рӯи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ метавон баҳогузорӣ намуд.

Дараҷаи некуаҳволӣ гуфта, имкони истифодабарии захираҳоро барои зиндагонии хуб, маълумоткӯй, муомилан ахбор ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷомеа меноманд. Аз дигар тараф, дараҷаи некуаҳволии мардум ин дараҷаи таъминоти аҳолӣ ба молҳо ва хизматҳо мебошад, ки дар мӯҳлати муайяни вақт ба вуқӯъ мепайвандад.

Пас, истеҳсоли маҳсулоти умумӣ ба ҳар як фардро метавон яке аз
нишондиҳандаҳои дараҷаи некуаҳволии мардум ҳисобид, ки дар Тоҷикистон
соли 2005 тахминан 400 доллари амрикоиро ташкил карда, нисбат ба давлатҳои
пешқадам хеле паст аст. Мисол, ҳамин нишондиҳанда дар Ҷопон зиёда аз
37000 доллари Амрико, Россия 7000 - 10000 доллар ва Қазокистон зиёда аз
6500 - 7000 долларро ташкил медиҳад. Албатта, чунин нишондиҳандаҳо гувоҳи

пешина
аз 566
навбатӣ