Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
паст будани дараҷаи некуаҳволии мардуми тоҷик нисбат ба дигар халқҳо дар ин давра мебошад.
Ҷараёни иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон имрӯзҳо барои ҳар чӣ баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халқ равона карда шудааст. Аммо бояд гуфт, ки ҳоло низ диққати роҳбаронро хислатҳои хос ва хирадмандию донишмандии бахши иқтисодиету иҷтимоиёт ва экология он қадар пурра фаро нагирифтаанд ва аксар маврид мушоҳида мешавад, ки дар вақти мақсадгузории равандҳои алоҳидаи иҷтимоию иқтисодӣ масоили таъмини босуботи экологию иҷтимоӣ хеле кам ба инобат гирифта мешаванд. Инкишофи босуботи иқтисодӣ ин бояд бевосита дар асоси қоидаҳои мувозинати иқтисодию экологӣ ва иҷтимоӣ амалӣ гардад, ки ҳар як фарди ҷомеаи тоҷик бояд дар ҷамъият ҷойи худро пайдо карда, мувофиқи он кору фаъолият намояд. Аз ин ҷо, қоидаҳои роҳбарию ҳокимиятдорӣ бояд дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ бошанд. Гузаштан ба иқтисоди бозоргонӣ дар навбати аввал беихтиёр ба кам шудани ҷойҳои корӣ, зиёд гаштани шумораи бекорон ва баланд шудани сатҳи камбизоатии қисме аз мардум сабаб гардад ҳам, дастгирии давлатӣ ва танзими барномаҳои стратегии инкишоф бояд ин муамморо ҳаллу фасл намоянд.
Дар ин ҳолат ҳокимият ва роҳбаронро зарур аст, ки роҳҳои таъмини иштироки фаъоли мардумро дар инкишофи иқтисодӣ таъмин карда тавонанд. Махсусан, занҳо ва мардуми саводи касбӣ надошта, ки зиёда аз 50% аҳолии қобилияти меҳнатиро ташкил карда, аксар дар корхонаҳо, ташкилотҳо кор намекунанд, бояд ба кори кишоварзӣ ва меҳнати фардӣ ҷалб карда шаванд. Ҷалб намудани занҳо ба иқтисодиёт, хизматрасонӣ, маориф ва тандурустӣ, махсусан, вазифаҳои роҳбарикунанда, имкони баланд бардоштани сатҳи зиндагониро дар оила ба вуҷуд меорад.
Қоидаи дигари хиради экологӣ ин таъмини самараноки сарватҳои табиӣ бо роҳи истифодаи технологияи навини ҷаҳонӣ мебошад. Чуноне, ки дар мавзӯи пешин гуфта гузаштем, инкишофи иқтисодӣ ва роҳбарии асри XXI хусусияти навини фарқкунандаи худро дорад. Ин баланд гардидани суръати инкишофи иқтисодӣ ва ахбори иқтисодӣ мебошад. Очеркҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар таърихи башарӣ суръат ва миқдори истифодабарии сарватҳои табиӣ чунин сурат нагирифта буданд, ки дар аввали ҳазорсолаи сеюм. Бинобар ин, моро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор