Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

фондҳои ҳавасмандии аҳолӣ дар корхонаҳо. Ҷорӣ намудани шаклҳои гуногуни ҳавасмандкунӣ ва баландбардории ҳосилнокии меҳнат ва ташкили илмии меҳнат дар ташкилотҳо. Баланд бардоштани сатҳи музди ҳадди ақал ва нафақаи кормандон ва таъмини музди баланди меҳнат дар корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ.

  1. Беҳтар кардани сифати хӯроки мардум. Ин, албатта, вазифаи муқаддаси менеҷменти муосир буда, бо мақсади имкони харидорӣ доштани мардуми камбағал аз маҳсулоти асосии ғизоӣ бо нархи танзимшаванда бояд 8–10 намуди маҳсулот вуҷуд дошта бошад. Бо гузашти мӯҳлати муайян аз тарафи институтҳои илмию тадқиқотӣ бояд сифати хӯрок ва таркиби он пурра зери назорат қарор гирад, то мардум бо сабаби истеъмоли пайвастаи хӯроки бесифат ба бемориҳо дучор нагарданд.

  2. Муҳофизат ва барқарор кардани сарватҳои табиии харобгашта ва таъмини истифодаи самараноки онҳо. Дар ин ҷода низ ба Шумо стандартҳои давлатиеро пешниҳод карданием, ки дар қисми 2-юми ҳамин китоб гуфта гузаштем.

  3. Таъмини идоракунии давлатии масоили экологӣ ва ташаккули рушди босуботи экологию иқтисодӣ дар сар то сари Тоҷикистон.

Дар ташаккули стратегии босуботи инсонӣ бошад назардошти равандҳои зерини хиради экологӣ аз манфиат холӣ намебошанд.

  1. Таъмини иқтидори зеҳнии аҳолӣ бо роҳи баланд бардоштани дониши экологии одамон.

  2. Ташкили хоҷагиҳои хусусӣ ва пурра ҷалб намудани аҳолӣ ба фаъолияти меҳнатӣ дар қишлоқҳо ва ноҳияҳои дурдаст.

  3. Таъмини имкони истифодаи захираҳои пулию молӣ ва табиӣ ба тамоми аҳолии кишвар.

  4. Таъмини шароити беҳтарини экологӣ барои зиндагонии солими мардуми тоҷик.

  5. Таъмини раванди экологикунонии фикрронии одамон дар ҷараёни истеҳсолию истеъмолӣ.

пешина
аз 566
навбатӣ