Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

49.4. Тарбияи экологӣ ва таъмини инкишофи босуботи башарӣ

Аз мӯҳтавои мавзӯъҳои гузашта маълум мегардад, ки хиради экологӣ на танҳо аз шартҳои роҳбарӣ, балки масоили умумибашарӣ буда, ҳар як фарди соҳибақл бояд тарбияи экологиро дошта бошад. Агар ба сиёсати иқтисодии Тоҷикистон назар афканем, имрӯзҳо ҳукумати ҷумҳурӣ барои таъмини кафолати бехатаринии экологии ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида истодааст, ки мақсади асосӣ муносибати эҳтиёткорона ва хирадмандона ба табиат ва муҳити зист мебошад.

Асоси қонунии чунин чорабиниҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Тоҷикистон ва дигар қонунҳои ҳифзи табиат, ҳифзи замину об, қонунҳо оид ба ҷангал ва канданиҳои фоиданок, олами набототу ҳайвонот ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд. Инчунин, вазъи экологии мамлакат дар зери назорати бевоситаи Президенти мамлакат қарор дорад. Қобили зикр аст, ки маҳз бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов «соли 2003 - соли байналмилалии оби тоза» эълон ва ба ин муносибат конференсияи байналхалқӣ доир гардид, ки дар он намояндагони аксари мамолики дунё ширкат ва маърӯзаю пешниҳодҳои муфид намуданд. Натиҷаи ин конференсия буд, ки солҳои 2005-2015 «10 солаи Об барои ҳаёт» эълон гардида, тамоми чорабиниҳои илмию тадқиқотӣ ва иқтисодию экологиро оид ба ин масъалаи мубрами рӯз дида истодаанд. Тамоми маблағгузории ҳифзи муҳит ва таъмини инкишофи босуботи экологию иқтисодӣ аз тарафи давлат маблағгузорӣ карда мешаванд. Бояд гуфт, ки дар ҳудуди зиёда аз 7% территории Тоҷикистон 1 - боғи миллӣ, 3 - мамнӯъгоҳ ва зиёда аз 25 фармоишгоҳҳо ташкил карда шудаанд, ки ҳамчун сарчашмаи айёнии тарбияи экологии мардум хизмат карда, барои такрористеҳсоли сарватҳои нодири табиӣ мақоми арзанда доранд.

Инчунин, сарчашмаи дигари самаранокии истифодабарии сарватҳои табиӣ ва нигоҳ доштани ҳолати хуби экологии атмосфера ин гузаштан ба шакли нерӯи тозаи барқии обӣ мебошад, ки имрӯзҳо таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат ҳамчун соҳаи бартариятнок аз тарафи ҳукумат эътироф гардида,

пешина
аз 566
навбатӣ