Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
барои то соли 2009-ум пурра таъмин намудани аҳолӣ бо барқ чораҳои зарурӣ андешида, сохтмонҳои нерӯгоҳҳои азими обии барқии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Роғун ва чандин нерӯгоҳҳои хурд идома доранд. Ин нуқта низ ҷолиби диққат аст, ки баъди ба кор даромадани ин нерӯгоҳҳои азими обӣ аз ҳисоби фурӯши энергияи барқ дар давлатҳои ҳамсоя Афғонистон ва Покистону Эрон вазъи иқтисодии мамлакат низ рӯ ба инкишоф мениҳад.
Дар баробари ин, сохтмонҳои заводҳои калони истеҳсоли алюминию дигар намуди маҳсулот дар назар аст, ки ҳамаи ин ба дигаргуншавии муҳити экологӣ оварда мерасонад. Аз ин хотир, таълиму тарбияи экологӣ дар ҷумҳурӣ акнун на фақат ба воситаи мактабҳои миёнаю донишгоҳҳо, балки боз ба воситаи тамоми воситаҳои ахбори умум ва менеҷменти корхонаҳо пурзӯр карда шавад ва ин амал бо роҳи пайваста намоиш додани филмҳои диққатҷалбкунандаи табиӣ тавассути телевизион ва намоишгоҳҳою кинотеатрҳо, инчунин, навиштани мақолаю маърӯзаҳо ва гузаронидани конференсияҳои илмӣ-назариявӣ оид ба ҳар як намуди сарвати табиӣ дар маҳаллаю мактабу ноҳияҳо, сурат гирад то дар ниҳоди насли оянда нисбат ба табиат ва ҳифзи муҳити зист меҳре пайдо гардад.
Барои амалӣ гаштани ин мақсадҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми марти соли 1995-ум «Дар бораи масъалаҳои ташкили таълиму тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидааст. Инчунин, барои амалӣ гардонидани қарори номбурда аз 23-юми феврали соли 1996-ум баъди боз қабул гаштани қарори нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии таълиму тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000-ум ва минбаъд то соли 2010» ба ҳалли масъалаи мазкур таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардид ва дар тамоми мактабҳо фанни «Экология» ба роҳ монда шуд, ки дар тарбияи экологӣ мақоми арзанда дорад. Дар оянда пурра амалӣ гаштани тамоми паҳлӯҳои ин барнома имкони аз ҷиҳати экологӣ таъмин будани инкишофи иқтисодиро дошта, барои тарбияи насли наврас хеле заруру саривақтӣ арзёбӣ гаштааст.
Дар шароити афзоиши босуръати аҳолӣ ва истифодаи бемайлони сарватҳои табиӣ ва маҳдудияти онҳо тарбияи экологӣ мақоми арзанда дошта, ҳамчун қувваи созандагӣ ва хирадмандии сарвари оянда ва умуман, аҳолӣ хизмат мерасонад, чунки ҳолати имрӯзаи экологии давлатҳои пешқадами саноатӣ гувоҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор