Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
-
Пайвастагӣ ва бефосилагии тарбияи экологӣ дар ҳама давраҳои инкишофи инсонӣ ва вобаста аз ихтисосу кору фаъолияти роҳбарон ва муҳимияти масоил пурра риоя кардани қоидаҳои номбаршуда.
-
Таъмини мақсаднокии таълиму тарбияи экологӣ дар ҳама ҳолатҳо ва вобаста ба он интихоб намудани чорабиниҳо ва мавзӯъҳо.
-
Банақшагирии стратегии тарбияи экологӣ ва маълумотнокии аҳолӣ ҳамчун раванди асосии инкишофи босуботи башарӣ. Дар ин қоида бояд як барномаи мукаммали давлатӣ барои давраҳои муайян коркард ва иҷрои даврагии он таъмин карда шавад.
Мазмуну мақсади тарбияи экологӣ аз нигоҳи сарварӣ ва рушди босубот бояд ба чунин равандҳои асосӣ мувофиқа карда шаванд:
-
Барномаи тарбияи экологӣ бояд дар асоси концепсияи навини аз ҷиҳати илмӣ асосноккардашудаи давлатӣ амал намояд ва тамоми ҷабҳаҳои маданияти экологиро дар бар гирад.
-
Ба ҳар як шахс ва ҳар як роҳбар равандҳои фаъолияти экологияшро муайян ва назорати давлатӣ ва ҷамъиятиро пурзӯр карда, муҳитрро доимо солим нигоҳ доштан.
-
Кӯшиш ба харҷ бояд дод, ки тамоми аҳолӣ имкони истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ ва таъсири мусбии худро дар ҳалли масоили экологӣ дошта бошанд.
-
Муносибат ба табиатро ҳамчун манбаи мавҷудияти инсоният мақсадгуворӣ намуда, нишон дода тавонистан ва боваркунонии мардум ба ин мафҳуму моҳият.
-
Таъмини эҷодкорӣ ва навовариҳо оид ба муҳофизати табиат ва роҳҳои истифодабарии самараноки сарватҳои табиӣ. Истифодаи партовҳои истеҳсолӣ ва тоза намудани обҳои саноатӣ ва дигар намуди партовҳо бо мақсади ивазкунӣ ва истифодаи дубораю себораи сарватҳои табиӣ.
-
Коркарди партовҳо ва гузаштан ба истеҳсолоти кампартову бепартови саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза барои организми солими ҷамъияти инсонӣ.
-
Баҳодиҳӣ ва таъмини арзишмандии (нархгузории) сарватҳои табиӣ дар
соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ вобаста аз моҳияти манфиати онҳо. Дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор