Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

вақти ташкили идоракунӣ ва роҳбарии лоиҳаҳои сохтмонӣ диққати махсус ва ҳаматарафаи экспертизаи экологӣ додан ба объектҳои иҷтимоию саноатӣ. Махсусан, ҷорӣ намудани стандартҳои вазнин ба он заводу фабрикаҳое, ки ба муҳит партовҳои ғализ хориҷ менамоянд, то онҳо вазифадор бошанд тамоми чорабиниҳо ва стандартҳои экологиро риоя намоянд.

Ҳамин тариқ, бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар тамоми кураи замин, аз он ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ мушкилоти экологӣ ва тарбияи экологӣ қисмати асосии инкишофи босуботи инсониро ташкил карда, аз масоили мураккабу васеи менеджменти муосир гардидааст, ки оид ба моҳияти концепсияи иқтисодию экологии он мо дар мавзӯи оянда андешаронӣ менамоем.

49.5. Равияҳои асосии концепсияи инкишофи босуботи экологию иқтисодӣ дар менеджменти муосири тоҷик

Таҳлили тараққиёти иқтисодию экологии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки одамон дар садсолаи охир нисбат ба ҳама давраҳои зиндагониашон дар мамлакат сарватҳои табииро бештар истифода кардаанд ва ба ин васила ба муҳити зист таъсири манфии зиёд расондаанд. Дар баробари ин, инсоният боз аз аксари қонуниятҳои табиӣ огоҳ гаштаанд, ки барои самаранок истифодабарии сарватҳои табиӣ дар иқтисодиёт моҳияти калон дошта, ивази истифодаи сарвати табииро бо захираҳои кимиёвӣ аз худ намудаанд.

Зарурияти инкишофи босуботи экологию иқтисодӣ дар замони истиқлолияти Тоҷикистон пеш аз ҳама талаби худи ҳолати иқтисодию экологии мамлакат мебошад. Мақсад аз чунин концепсия тартиб додани модели нави иқтисодию экологие мебошад, ки дар он фаъолияти инсон бо имконоти экологӣ мувофиқа карда мешавад. Равандҳои байналхалқии ин концепсия ҳанӯз солҳои 80 - уми асри XX дар комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити атроф (МКОСР) дар маърӯзаи раиси комиссия Гру Харлем Брундтланд дар

пешина
аз 566
навбатӣ