Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
кам гаштааст. Барои пурра барқарор намудани ҳосилхезии хок дар ҳолати консерватсия камаш 10 -15 сол лозим аст, ки ин барои кишоварзон ғайриимкон аст.
Масъалаи дуввум ин аст, ки аҳолии қишлоқҳо афзоиш ёфта, сол аз сол талабот ба замин ва обу маҳсулоти озуқа зиёд мегардад. Инчунин, агар боз афзоиши талаботи мадании аҳолиро ба инобат гирем, талабот ба сарватҳои табиӣ се чор маротибаи дигар зиёд гашта, иқтидори муҳити экологӣ барои таъмини инкишофи босубот нокифоя мегардад. Аз нигоҳи хиради менеджмент чунин ҳолати ногувор бо сабабҳои зерин ба миён меояд.
-
Истифодаи бемайлони сарватҳои табиӣ дар 20 - 25 соли охир, бе назардошти риояи имконот ва қоидаҳои экологӣ. Махсусан, истифодаи бемайлони обу замин, ки агар дар муқоиса ба давлати тараққикардаи Ҷопон ба ҳар сари аҳолӣ гирем, ин нишондиҳандаҳо 5 - 6 маротиба дар Тоҷикистон зиёд аст.
-
Ислоҳоти иқтисодӣ, ки солҳои 90-уми асри гузашта оғоз шуд, аксар маврид бе назардошти омили экологӣ гузаронида мешавад. Махсусан, ташкили хоҷагиҳои хурди ғайридавлатии фермерӣ дар заминҳои обии системаи ирригатсионӣ калондошта ва истифодаи заминҳои аз ҷиҳати экологӣ ноустувор хатарнок мебошад.
-
Фарсудаварии системаи ирригатсионии замони Шӯравӣ, ки ба технологияи куҳна таҷҳизонида шуда, қувваи зиёди барқро талаб мекунад. Инчунин, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ бе назардошти хусусияти минтақавии кишоварзӣ, корношоямии каналҳои обтозакунӣ ва обпартоҳо, инчунин, коридани зироати обталаби шолӣ дар аксари заминҳои қобилияти пасти обгузаронӣ дошта, масоиле мебошанд, ки аксари ноҳияҳои мамлакатро дар бар гирифтаанд.
-
Паст гаштани сатҳи дониши мардум ва сатҳи зиндагонии онҳо дар замони гузариш. Ин омил таъсири калони экологию иқтисодӣ додааст, ки боз таъсири манфии он метавонад чандин соли дигар боқӣ бимонад. Вобаста ба паст рафтани сатҳи зиндагӣ ва камсаводии мардум, вазъи саломатии одамон низ бад гашта, ҳолати санитарии нуқтаҳои аҳолинишин хеле хароб гаштаанд. Қисми зиёди аҳолӣ ба бемориҳое, ки аз вазъи иҷтимоию

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор