Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
мавзӯи «Ояндаи умумии мо» аввалин маротиба пешниҳод шуда буд. Ин модел дар саросари ҷаҳон модели «Инкишофи босубот»-ро ба худ ном гирифт.
Барои Тоҷикистон низ ин модел хеле зарур мебошад, чунки аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакатро бӯҳрони экологӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифтааст, ки назар ба бӯҳрони иқтисодӣ таъсири чандин маротиба зиёдтар дорад. Аз нигоҳи мо ба чунин ҳолат гирифтор шудани иқтисодиёти Тоҷикистон аз ташкили роҳбарии нооқилонаи даврони Шӯравӣ реша мегирад, ки асосан аз инҳо иборат мебошанд:
-
Таъсиррасонии манфӣ ба сарватҳои табиии Тоҷикистон дар 20 – 25 соли охир бо ду сабаб зиёд гаштааст. Дар навбати аввал, ин бад шудани сифати сарватҳои табиӣ бо сабаби химиякунонии бемайлони даврони Шӯравӣ ва истифодаи технологияи кӯҳнашуда, ки дорои хатари вазнини экологӣ мебошад.
-
Афзоиши босуръати аҳолӣ ва зиёд гаштани талабот ба истифодаи сарватҳои табиӣ. Дар ин давра аҳолии мамлакат қариб ду маротиба зиёд гашта зиёда аз 7 млн. ро ташкил медиҳад ва беихтиёр талабот низ нисбати сарватҳои табиӣ меафзояд.
Омилҳое, ки сабаби пайдоиши масъалаи якуми экологӣ ва иқтисодӣ гардидаанд, ба инобат нагирифтани омилҳои экологӣ дар вақти лоиҳакашии сохтмони заводҳои калони саноатӣ ва обёрикунии заминҳои кишоварзӣ мебошад.
Агар ба корхонаҳои калони саноатии «Тоҷиксемент», заводи алюминии Турсунзода, корхонаи азотии Вахш ва заводҳои равғанкашии шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Кӯлоб назар афканем, ҳатто ба чашми оддӣ мебинем, ки чӣ гуна онҳо ба муҳити табиӣ ва обҳои нӯшокии атроф зарари калон мерасонанд. Ё ба тарзу усули обёрикунии заминҳои кишоварзӣ нигарем, дар ин ҷо низ мо ҳодисаҳои дағалона вайрон кардани реҷаи обёрикунӣ, истифодабарии аз меъёр зиёди об ва ба шӯразор табдил ёфтани заминҳои обии кишварро мушоҳида менамоем. Ё бо сабаби пайваста бе киштгардон ҳамасола кишти пахта, сатҳи обҳои зеризаминӣ баланд гашта, ҳатто баъзе қишлоқҳо зери об мондаанд.
Бояд гуфт, ки истифодаи об дар аксари хоҷагиҳо аз меъёр ду-се маротиба зиёд буда, қисми болои ҳосилхези хокро шӯста бурдааст, ки дар натиҷа имрӯзҳо заминҳои обии мамлакат хеле камқувват ва бевосита, ҳосилхезии 2 - 3 маротиба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор