Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
биотехнологияи истеҳсоли маҳсулотҳо дар бахши кишоварзӣ ва даст кашидан аз истифодаи нуриҳои минералӣ. Ташкили системаи илмии киштгардон, истифодаи оқилонаи нуриҳои органикӣ ва нуриҳои сабзи табий.
-
Доимо нигоҳ доштани мувозинати экологӣ, ташкили муҳити хуби кории аз ҷиҳати экологӣ тоза. Истифодаи ҳар гуна чангкашакҳо ва тозакунандаҳои фазо. Ташкили боғчаҳо ва гулзорҳо дар назди ташкилотҳо ва хонаҳои истиқоматӣ.
-
Ҷорӣ кардани навовариҳои илмию техникӣ, ташкили самараноки истеҳсолӣ, истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ, гузаштан ба истеҳсолоти бепартов ва аз ҷиҳати экологӣ тоза.
-
Ба роҳ мондани истеҳсолоти илмгунҷоншӣ дар ҳама соҳаҳо ва баҳодиҳии сарватҳои табиӣ бо мақсади таъмини ҳолати хуби экологии табиӣ ва барқароркунии онҳо.
Бояд қайд кард, ки химисатсияи бемайлони кишоварзӣ дар солҳои Шӯравӣ ва истеҳсоли якказироати пахта дар Тоҷикистон ба сифати аксари маҳсулоти кишоварзӣ таъсири манфии худро расонида, дар натиҷа аҳолӣ ва ҳайвоноти кишоварзӣ низ заҳролуд гаштаанд, ки аз боқимондаи он вазъи имрӯзаи саломатии мардуми деҳот шоҳидӣ медиҳад. Заҳролудшавии сетарафа, яъне аз обу ҳавою маҳсулоти хӯрока сабаби асосии бемориҳои сирояткунандаи мардум гардидааст, ки ин дар навбати хеш бо ба пастшавии ҳосилнокии меҳнат ва истифодаи нопурраи фонди вақти меҳнатии кормандон оварда расонидааст.
Аз рӯи ҳисобҳои мутахассисони бахши ташкили илмии меҳнат зиёда аз 30% ҳосилнокии меҳнат ба муҳити зист вобаста мебошад. Бинобар ин, истеҳсоли моли аз ҷиҳати экологӣ тозаро дар мамлакат бо тартиби зайл метавон ба даст овард:
- Бо роҳи мунтазам аз заҳрхимикатҳо ва нуриҳои минералӣ даст кашидан.
- Истифодаи усулҳои биологию технологии истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза.
- Ташкили занҷири сарбастаи экологии «хок - растанӣ - маҳсулоти чорво хок».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор