Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Дар минтақаҳо нигоҳ доштани мувозинати экологӣ ва пурра даст кашидан аз заҳрхимикатҳо.

  2. Истифодаи намудҳои нави тухмии растаниҳо, ки ба бемориҳо тобоварӣ камхарҷу серҳосил ва заминро серҳосил мекунанд.

Раванди дуюми концепсияи экологию иқтисодӣ истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва таъмини истеъмоли оби тоза ба аҳолӣ мебошад. Ин раванди фаъолият низ моҳияти васеи иқтисодию экологӣ ва ҳатто сиёсӣ дошта, дар даҳсолаи оянда ҳамчун раванди бартариятноки иқтисодӣ ҳисобида шудааст.
Гарчанде Тоҷикистон яке аз бойтарин ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати захираҳои обӣ бошад ҳам, масъалаи истифодаи об хеле рӯзмарра мебошад.
Сабаби асосии муҳими ин масъала дар он аст, ки системаи ирригатсионии кишоварзӣ ва обтаъминкунии шаҳрҳо тамоман кӯҳна шуда, ба талаботҳои экологӣ ҷавобгӯ намебошад. Аз тарафи дигар, норасоии қувваи барқ барои кори мунтазами насосҳо сабаби таъмини пурра нагаштани заминҳо бо оби кишоварзӣ ва кор накардани обтозакунакҳои саноатӣ гардидааст. Дар натиҷаи чунин норасоиҳо обҳои истеҳсолӣ пурра ба дарёҳо рехта, оби дарёҳоро ифлос менамоянд ва дар поёноб мардум онро чун оби нӯшокӣ истифода мебаранд.
Сабаби дуюм, дар ҳолати вазнини экологӣ қарор доштан ва истифодабарии ғайрисамараноки об, бепул будани ин сарвати пурарзиш мебошад. Дар навбати аввал, аз нигоҳи иқтисодӣ ҷорӣ намудани истифодаи пулакии об имкон медиҳад, ки истифодаи меъёрии об таъмин карда шавад ва инчунин, барои беҳтар кардани сарчашма ва нигоҳдории системаи обтаъминкунӣ маблағе пайдо мешавад, ки ҳалли бисёр муаммоҳоро таъмин месозад. Сеюм, хоҷагиҳои кишоварзӣ ӯҳдадор мешаванд, ки бо сохтани ҳавзҳои калон аз сарчашмаи дигари обҳо, яъне аз ҳисоби обҳои табиии боронии баҳор обро захира кунанд ва дар вақти зарурӣ камхарҷ истифода намоянд. Инчунин, хоҷагиҳо роҳҳои истифодаи самараноки захираҳои обиро ҷустуҷӯ намуда, аз маҳсулоти обро бисёр талабкунанда даст мекашанд.

Раванди сеюми концепсияи инкишофи босуботи экологию иқтисодӣ истифодаи шаклҳои анъанавии истеҳсоли моли кишоварзӣ ва истифодаи технологияи пешқадами ҷаҳонии экологӣ мебошад. Ин раванд бояд қоидаҳои зеринро дар бар гирад:

пешина
аз 566
навбатӣ