Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
-
Таъмини бевоситаи инкишофи босуботи экологию иқтисодӣ. Бояд гуфт, он ташкилоту корхонаҳое, ки ин роҳро пеш мегиранд, дар солҳои аввал хароҷотҳои иловагӣ ногузир аст, ки бояд бевосита дастгирӣ карда шаванд.
-
Молиягузорӣ барои ҳавасмандкунии корхонаю идораҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза машғул буда, партовҳои истеҳсолиро пурра кам карда, ба истеҳсолоти бепартовӣ ва системаи сарбастаи истифодаи об мегузаранд.
-
Молиягузорӣ барои ташкили корхонаҳои нави истеҳсоли моли аз ҷиҳати экологӣ тоза ва молиягузории тадқиқотҳои илмии моли нави экологӣ ва амалӣ гардонидани навовариҳои илмӣ ва эҷодкориҳо.
-
Молиягузорӣ барои гузаштан ба меъёрҳо ва стандартҳои байналхалқии экологӣ ва беҳтаршавии сифати маҳсулоти ватанӣ дар ҳамаи соҳаҳои истеҳсолот.
-
Молиягузории тарбияи экологии мардум ва омӯзишу тадқиқотҳои илмии экологӣ дар институтҳо ва пажӯҳишгоҳҳо.
-
Ташкили меъёрҳои истифодаи стандартии сарватҳои табиӣ ва ҷорӣ намудани маблағсупорӣ барои истифодаи онҳо. Ҷорӣ намудани ҳар гуна ҷарима барои вайрон кардани меъёрҳои экологӣ.
-
Ташкили фонди ҷумҳуриявии экологӣ.
Ҳамин тариқ, самаранокии молиягузории инкишофи босуботро аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин метавон баҳогузорӣ намуд:
-
Нишондиҳандаҳои самаранокии истеҳсоли маҳсулот ба ҳар як сомонии барои истифодаи захираҳои табиӣ харҷшуда. Паст шудани ПДК ва ПДВ ба муҳити фазо аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ.
-
Кам шудани дараҷаи нобаробарии зиндагонии аҳолӣ ва паст гаштани сатҳи камбизоатии мардум.
-
Баланд гаштани донишмандии экологии роҳбарон ва аҳолӣ.
-
Беҳтар шудани сатҳи саломатии аҳолӣ ва сифати маводи ғизоӣ.
-
Беҳтар гаштани дараҷаи некӯаҳволии мардум ва инкишофи босуботи иқтисоди мамлакат.
Аз ин ҷост, ки коркард, амалигардонӣ ва натиҷагирии концепсияи стратегии давлатии инкишофи босуботи иқтисодию экологӣ роҳи асосии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор