Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
онҳо ҳамон одати кӯҳна боқӣ мондааст. Бинобар ин, мо вазифадор ҳастем, ки қоидаи муносибати ҳокимиятро нисбат ба табиат ва сарватҳои табиикуллан тағйир дода, онро ҳамчун организми зинда, созанда ва кӯмакрасонанда барои инсоният қабул намуда, ба ӯ муносибати некхоҳона карда, аз ин бӯҳрони беҳирадинии экологӣ роҳбаронро халос намоем. Албатта, ин дар навбати аввал бо роҳи вориди тағйироту иловаҳо дар сохтори идоравии ташкилоту идораҳо ва дуввум бо роҳи қабули қонуну қарорҳои махсуси ҳукуматӣ ва ҷорӣ намудани ҳама гуна ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии банизомдароварандаи ин ҷараён бояд сурат гирад. Инчунин, дар ҳисоботҳои давлатӣ ворид кардани нишондиҳандаҳои махсуси сифатии инкишофи босубот ва дар зери назорат гирифтани ҳолати экологии минтақаҳо ва умуман ҳар як ташкилот аз тарафи сохторҳои назоратии давлатӣ ва ғайридавлатӣ. Бояд гуфт, ки дар давлатҳои пешқадами дунё ташкилотҳои ҷамъиятии: Ҳизби Сабзҳо, Клуби Рим, Салиби Сурх, инчунин, комиссияҳои СММ - ПРООН, ВОЗ, ФАО ва дигарон дар банизомдороии фаъолияти роҳбарӣ ва идоравии корхонаю ташкилотҳо бевосита иштирок намуда, аллакай рӯҳияи менеҷменти аксари давлатҳои пешқадами дунёро бо роҳи устувори экологию иқтисодӣ баргардонидаанд.
Дар айни замон, барои Тоҷикистон низ шароите муҳайё гаштааст, ки мо ҳатман бояд фаъолияти менеҷменти ташкилотро бевосита барои рушди босуботи иқтисодию экологӣ равона сохта, сатҳи самаранокии истифодаи сарватҳои табиӣ ва муҳофизати онҳоро ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ намоем. Ва ҳолати иқтисодии ин ва ё он корхонаро бевосита аз рӯи меъёрҳои сифатии экологӣ баҳогузорӣ намуда, дар фаъолияти онҳо барои ҳар як давраи ҳисоботӣ бояд чорабиниҳои экологӣ пурраю равшан амалӣ карда шаванд.
Раванди шашуми консепсияи рушди босуботи иқтисодию экологӣ экологикунонии молиявӣ мебошад. Албатта, ҳама гуна фаъолияте, ки мо ба нақша мегирем, иҷрои он бе маблағгузории молиявӣ ғайриимкон мебошад. Аз дигар тараф маҳз бо роҳи молиягузорӣ мо метавонем масоили экологиро ҳаллу фасл ва ҷойҳои харобгаштаи табииро барқарор намоем. Молиякунонӣ бояд аз сарчашмаҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ, байналхалқӣ ва соҳибкорону аҳолӣ сурат гирад. Ин маблағҳо аз нигоҳи мо бояд ба равандҳои зерин равона карда шаванд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор