Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

зиёди заминҳои ҳосилхез ба дасти ӯзбекҳо гузаштанд. Инчунин, ӯзбекҳо дар шаҳрҳо дӯконҳоро харида бо суръати тез, тавассути тиҷорат сарватманд шудан гирифтанд.

Шайбониҳо ислоҳоти пулӣ гузаронида пули ягонаро ҷорӣ намуданд, ки барои низоми идорӣ кӯмаки калон расонид. Дар мамлакат то солҳои 1510 каме сулҳу осоиш фаро расид, вале зимистони вазнини солҳои 1512-1513 ба давлат талафоти калон овард, мардум аз гуруснагӣ азоб кашиданд. Дар ин замон адибони машҳур Зайниддини Восифӣ ва Сайидои Насафӣ умр ба сар бурдаанд, ки ин ҳодисаҳоро дар асарҳошон хеле равшан дарҷ намудаанд.

Соли 1598 Хони Шайбониён Абдуллохони II вафот кард ва ба ҷои ӯ писараш Абдулмӯъмин ба тахти салтанат нишаст. Дар ин давра қазоқҳо низ ба Осиёи Миёна ҳуҷум карда Тошкандро ба даст дароварданд. Дар солҳои 1600 то солҳои 1700 якчанд амирому ҳукуматдорон омаданду рафтанд, ки бо сабабҳои таъсири манфӣ расониданашон дар системаи идораи давлатӣ ва умуман таназзули хиради роҳбарӣ аз ибрози андеша оиди сохтори идоравии эшон худдорӣ намуда, онҳоро танҳо маҳкум менамоем.

Дар Осиёи Миёна ҳанӯз ҳам давлати ягона вуҷуд надошт, сулолаи Ҷониёнро Абдулфаёзхон (1711-1747) намояндагӣ мекарданд. Аввали солҳои 40-уми асри XVIII шоҳи Эрон Нодиршоҳ ба Бухоро ва Хева лашкар накашид. Аммо дере нагузашта Нодиршоҳ кушта мешавад ва сулолаи Манғитиҳо роҳбариро то соли 1758 ба дасти худ мегиранд.

Дар аввали асри XIX дар Осиёи Миёна хонигариҳои Аморати Бухоро
ҳукмфармо буд, аз соли 1867, баъд аз генерал-губернатории Туркистон таъсис
додани Русияи подшоҳӣ, ҳукумати аксар маҳалҳо бо он шартномаи сулҳ баста,
ба империяи Русия ҳамроҳ шуданд. Бояд гуфт, ки баъди ба Русия ҳамроҳ
шудани Осиёи Миёна гарчанде, ки саноати маҳаллӣ каме тараққӣ карда,
косибию кулолгарӣ инкишоф ёфта, коркарди маъданҳо ба роҳ монда шуда
бошанд ҳам, пешвоёни тасаввуфи (суфизм) исломӣ мавқеи худро дар идораи
мамлакат ва муридони худ аз даст доданд, ки ин албатта сабаби сар задани
шӯришҳо аз тарафи мардони боору номуси миллати тоҷик гардид, ки ба ин
беадолатиҳо тоқат накарда, доимо талоши озодиро доштанд. Ин гуна ошубҳо
дар бекигарии Балҷувон, Шӯрообод, Кӯлоб ва Ҳисор сар заданд, ки баъзе

пешина
аз 566
навбатӣ