Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
мерасонид. Дар ин давра ғайр аз андози замин боз як қатор андозҳои нав илова карда шуданд, ба монандӣ: андози дарахтони мевадиҳанда; андози саршумор; андози дудӣ; андози улоғ (ҳар як қосид - хатбарро бо як асп таъмин кардан) ва ғайраҳо.
Аз солҳои 1361-1365 Темури Ланг ба сари қудрат меояд, ки дар бедолатию хунрезӣ аз муғулҳо дида бераҳмтар буд.
Темур давлати бузурги императорӣ ташкил карда, онро ба фарзандонаш тақсим менамояд, аммо дере нагузашта дар байни фарзандонаш низоъ бархеста ба зидди якдигар лашкар мекашанд ва боз минтақаҳои тоҷикнишинро аз нав тақсим менамоянд.
Дар ин давра низ донишмандони бонуфузи тоҷик умр ба сар бурданд: Умари Тафтозӣ - аслан муддариси донишгоҳҳои Ғиждувон, Хоразм, Туркистон, Самарқанд будааст. Инчунин дар ин замон Муҳаммад ибни Арабшоҳ, Ҳофизи Шерозӣ, Носири Бухороӣ, Низомиддини Шомӣ, Камоли Хӯҷандӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ ва дигарон умр ба сар бурдаанд, ки дар закавату ақлу хирад ва ҷой кардани он дар осори мансуру манзум мислашро ҳанӯз таърих надидааст.
Ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ - ифодагари фалсафаи баланди худошиносӣ ва инсонпарастӣ буда, хиради рафтори роҳбариро ба қуллаҳои малакутӣ расонидаанд. Ҳофиз тамоми зебогию поксириштии роҳбариро дар қудрату қобилияти илоҳии шахсият дида, донишро ягона роҳи ба қуллаҳои баланди инсонӣ расидан мешуморад.
Камоли Хӯҷандӣ яке аз ғазалсароёни маҳбуби тоҷик маҳсуб меёбад, ки мӯҳтавои эҷодиёти ӯ аслан ба қадру қиммати шахсият расидан, эҳтироми якдигарӣ, Ватандӯстию Ватанпарварӣ, ишқу муҳаббати пок буда, сабки ашъораш хеле равону пурмазмун ва хирадмандона аст.
Мавлоно Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ донишмандоне мебошанд, ки бевосита ба тарбия ва хиради роҳбарӣ асарҳои зиёде эҷод кардаанд, ки мо дар қисмати дуввуми китоб бархе аз он гуфтаҳоро ба Шумо хонандаи азиз пешкаш менамоем.
Соли 1500 ба сари қудрат сулолаи Шайбониҳо омаданд, ки аслан аз хонадони Чингизхон буданд. Бинобар ин, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ қисми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё