Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ҳуқуқбунёди дунявии демократии Тоҷикистон бо пуррагӣ пайдо намуда, донем, ки дар кадом самт ба муваффақият ноил гаштаем, дар куҷо ҳуқуқҳои моро поймол кардаанд ва мо дорои боз кадом қудрату имконот мебошем. Фақат дар он ҳолат мо метавонем камбудиҳоро муайян ва ислоҳ намуда ба пеш равон бошем. Бояд гуфт, ки табибе, ки бемориро дуруст муайян месозад, дорую дармони онро низ дуруст таъин намуда, беморро зуд шифо медиҳад.
Дар таърихи давлатдории миллии тоҷик замоне фаро расидааст, ки тамоми анъанаҳои барои мо тоҷикон хоснабударо роҳбариро аз худ дур сохта, рӯҳу дилу ҷону тани худро ҳамчун сарвар поку тоза намуда, ба хизмати халқи азизамон пардозем. Дар ин кори хайр моро Худованди пок роҳнамо буда, рӯҳи бузургону шаҳидони ин миллати таърихии бузург дастгиру мададгоранд. Аз ин хотир, мо бояд дар роҳи созандагӣ аз чизе наҳаросем ва ягон бадхоҳи бедину бедиёнати нопок садди роҳи мо гашта натавонад, чунки халқи мо аз азал дорои фазилати инсонпарварию меҳнатдӯстист. Агар ба таърихи миллати тоҷик ва бузургонаш назар афканем, ин гуна бадхоҳон ҳазорон буданд, аммо ҳамагӣ ноумеду рӯсиёҳ гашта ба зери хок рафтанд.
Имрӯз, миллати тоҷик ба атроф назари наву тоза дорад ва танҳо баёни як нуқта кифоя аст, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ - 15 сол имкон пайдо кардем, ки ба ҷаҳониён хирадмандии худро муаррифӣ карда, аллакай бо зиёда аз 120 давлати дунё ҳамкориҳои тиҷоратӣ дошта, зиёда аз 300 корхонаю ташкилотҳои муштарак бунёд намудем. Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб бо зиёда аз 15 ташкилоти байналхалқӣ ва минтақавӣ дар ҳамкорию пайвастагӣ қарор дошта, аллакай мақоми арзандаро касб намудааст.
Бинобар ин, назари миллати тоҷик ин нигоҳи нав ба худ, оила, фарзанд, хешу табор, ҳамсоя, дӯсту рафиқ ва илму дониш ва табиату муҳит буда, аз ҳар як фарди соҳибақл ва роҳбари хирадманд ташаккули ин нигоҳ талаби ҷиддии замон аст. Аз дигар тараф, ин донистани зебонию зиштӣ, некию бадӣ, пастию баландӣ, сафеду сиёҳ, дӯсту душман, шабу рӯз, замину осмон, равнақию торикӣ, саводу бесаводӣ, дӯстдорию бевафоӣ, сарватмандию камбағалӣ, сернию гуруснагӣ, ҳарому ҳалол, дағалию ҳалимӣ ва дигар арзишҳое мебошанд, ки мо дар мавзӯъҳои гуногуни китоби «Менеҷмент» ба Шумо, хонандаи азиз ва роҳбарони хирадманд баён намудаем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор