Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Бояд гӯем, ки дар назди Худованди пок касе аз касе боло намеистад, барои ҳама таваллуду аз дунё рафтанро офаридаанд. Вале истифодаи некхоҳонаи ақли солим ва хизмати софдилона ба мардум, дастгирии дармондагон, некхоҳию некпарастӣ, покию покдоманӣ ва адолату ҳақиқатпарастӣ, нодонию қашшоқӣ ва бадхоҳию непокӣ, нишонаҳои рафторие мебошанд, ки инсонҳоро аз ҳамдигар ҷудо карда, якеро дӯсту нигоҳдор ва дигареро қашшоқу бечораю дарвешу дӯзахӣ мегардонад. Чуноне, ки дар хиради менеҷменти тоҷик омадааст:
Худованди карим худ мепазирад
Ҷамеъи нексират одамонро.
Асри XXI барои инсонияти рӯи замин асри ақлу донишу ҳунар буда, миллате ва ё фарде мавқеи худро дар ҷамъият бо некӣ пайдо карда, пурзӯр мегардад, ки аз ин ганҷинаи бебаҳои инсонӣ бархӯрддор буда, такя бар дили пок ва хиради инсонӣ намояд. Мо новобаста ба кашфиётҳои зиёди инсонӣ ҳанӯз ҳам аз қудрати Олами зинда, муҳити атроф ва ҳодисоти кайҳону замин пурра бархӯрддор нестем ва намедонем, ки моро боз чӣ ҳодисаҳою пешомадҳо дар пеш аст. Инсоният ягонагии ақлонии хешро нисбат ба дигар мавҷудоти олам истифода карда, бояд ҳамчун созандаи муҳити солими табиӣ барои ҳамагон хизмат намояд, чунки ҳар як мавҷудот боз зикри нек дошта, дар навбати худ ба некӣ шумо ҷавоби мусбӣ медиҳанд. Ин пайвастагии миллиардҳо узвҳою ҷисмҳо буда, дар мувозинатӣ бо якдигар ҳаракат менамоянд, ки дар китоби муқаддаси Қуръон муфассал зикр шудааст.
Аз ин хотир моро зарур аст, ки боз инсоният, табиат ва муҳитго омӯзем, дарк намоем ва бо корҳои созандагию некхоҳии хеш дар мувофиқа ба табиати зебо «Зиндагонии хубро»-ро дар замини авлодии тоҷиконаи худ барқарор созем. Барои ин мо бояд дар назди бузургону сарварони донои хеш сари таъзим фурӯд оварда, дасти дуо бардорем то ба мо мададгор дар ин кори хайр гарданд.
Таърихи сарварии миллати тоҷик ва ҷойҳои муқаддаси маҳалҳои тоҷикон гувоҳи он ҳастанд, ки ба мардуми тоҷик сарварону бузургони зиёде доштаанд. Ин сарварон барои нигоҳдории миллати бузург дар рӯи замин хизмати пайғамбарона карда, тоҷиконро дар қатори дигар миллатҳо ҳамчун давлатдору сарвардор нигоҳ доштанд ва мо дар бахши аввали ин китоб оид ба ин гуна сарварон гуфта гузаштаем. Аз ин хотир, мо ба қувваи илоҳии ин сарварони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор