Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар 30-солагӣ: «Ба фикрам падари ман ҳам каму беш мефаҳмад».

Дар 45-солагӣ: «Хуб мебуд, ки баъзе масъалаҳоро бо падарам муҳокима мекардем».

Дар 55-солагӣ: «Падари ман ҳама чизро медонад».

Дар 63-солагӣ: «Афсӯс, ки ба қадри падарам нарасидам, агар боз зинда гардад, ман дар болои чашмам мегардонамаш».

Умуман, хислати одамӣ чунин аст, ки мо танҳо баъди аз даст додани имконоту шароит, фарзанд ва падару модар андеша менамоему афсӯс мехӯрем, ки агар боз чунин имконот пайдо гардад, муносибати худро дигар мекунем ва ғайра. Аммо афсӯс, ки ин ҳолат барои ҳар як фарди соҳибақл фақат як маротиба ба миён меояд. Бинобар ин, вақте ки соҳиби фарзанд мегарбед, аз рӯзи аввал ба ин доди Худованд шукрона карда, тамоми кӯшишу ғайратро барои ба қадри ин мӯъҷизаи илоҳӣ расидан равона сохта, аз рӯзи аввали ба дунё омадани ӯ ба тарбияи солим камари ҳиммат бубандед. Дар баробари ин, ҳар як фард вазифадор аст, ки падару модар, сарвар ва халқи азизашро иззату эҳтиром намуда, ба қадри онҳо бирасад.

Аввалин шахсоне, ки барои дар Замини муқаддас пайдо гаштани Шумо саҳмгузоранд, пас аз Худованди карим ин падару модар мебошанд. Дар тарбия ва кӯмаки оянда боз дасти некбинонаи сарвари давлат дароз карда мешавад, то таълим бигиред, саломатии хуб дошта бошед, ва хушбахтона кору фаъолият намоед. Ва сеюмин қувваи бузурги тарбиятдиҳанда ин халқи бузургатон мебошад, ки барои камолоти баландатон шароит муҳайё сохта, ба Шумо кӯмак мерасонанд ва ҳаматарафа дастгирӣ ва тарбия менамоянд. Бояд гуфт, ки ҳар як инсони соҳибақл бояд тамоми умр нисбати ин панҷ сарчашма нақлонӣ ҳурмату эҳтироми баланд дошта, дар навбати худ ба онҳо софдилонаю содиқона хизмат намоянд.

Боз се муқаддасоти дигаре, ки дар тарбияву камолоти кӯдак саҳмгузори азиманд, ин сарзамини азизу меҳрубон — Ватани Шумо ва хонаи падар — ҳавлие, ки Шумо ба дунё омадаед ва он ҳавлӣ — хонае мебошад, ки ҳар як фард бо қувваи ақлонии худ бунёд месозад. Эҳтироми ин муқаддасоти нодир низ вазифаи муҳими ҳар як фарди соҳибақли ҷомеа мебошад.

пешина
аз 566
навбатӣ