Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

талаботҳои номбаршуда ҷавобгӯй мебошанд, ки соле як маротиба аз ҳисоби давлат барои истироҳат ва табобат ба осоишгоҳҳо ва фарзандони онҳоро ба лагерҳою минтақаҳои истироҳатӣ, бо шароити хуби инкишофи ақлонию ҷисмонӣ равона намудан, метавонад оилаҳоро ҳавасманд сохта, дар оянда барои беҳтаршавии инкишофи сифатан нави аҳолӣ кӯмак расонад. Инчунин, метавонем барои фарзандони қобилияти баланди ақлонидошта, боз маблағҳои зиёди иловагӣ сарф намуда, онҳоро барои самараи калон додани моликияти зеҳвиашон истифода бубарем.

Бояд гуфт, ки дар тамоми давру замони инкишофи башарӣ фарзандон дастгиру мададгори падару модар дар айёми пиронсолӣ мебошанд. Махсусан, барои фарзанди миллати тоҷик хизмати падару модарро ба ҷо овардан ин қарзи муқаддаси инсонӣ ҳисоб меёбад. Бинобар ин, аксар маврид фарзандон мӯҳлатҳои зиёд дар як ҳавлӣ бо падару модар зиндагонӣ мекунанд, ҳатто ҳолатҳоеро дидан мумкин аст, ки 2 - 3 оила дар як ҳавлӣ бо падару модари пирашон умр ба сар мебаранд ва якуҷоя дар сари як дастархон нишаста хӯрок меҳӯранд. Чунин вазъият шояд дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ба одат ва ё анъанаи мардумӣ табдил ёфтааст, вале дар ҳолате, ки оилаҳо камбизоатанду чунин вазъият сабаби дуруст инкишоф наёфтани фарзанд мегарданд, мувофиқи мақсад мебуд, ки сари ин масоил хубтар андеша намоем. Чунин аҳвол ва тарзи оиладдорӣ метавонад ба қашшоқии фарзанди Шумо оварда расонад. Дар ҳақиқат вақте кӯдак аз фориғболӣ вақти зиёди худро барои корҳои рӯзгор ва ё ба даст овардани маблағи ночизе дар кӯчаю бозор мегузаронад, аллакай ба чунин рафтор одат мекунад ва дуввум имконоти вақтии худро барои донишомӯзӣ ба пуррагӣ аз даст медиҳад. Ба ин васила баробари хатми мактаб қобилияти андешаронии ӯ заиф гашта, барои ҳалли масоили рӯзгор ва таъмини моддии оила тангӣ мекашад. Чуноне ки дар бораи ҷаҳонбинии кӯдак оиди дарки рафтори падару модар Луқмони Ҳаким менависад, кӯдак вобаста ба синну соли худ падарашро чунин баҳо медиҳад:

Дар 5 - солагӣ: «Падари ман аз ҳама доною пуркувват аст».

Дар 11 - солагӣ: «Падари ман қариб аксарияти чизҳоро медонад».

Дар 17 - солагӣ: «Ман ҳам мисли падарам бисёр чизро медонам».

Дар 23 - солагӣ: «Агар росташро гӯям, падари ман ҳеҷ чизро намедонад».

пешина
аз 566
навбатӣ