Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Тани беҷон беҳаракат аст ва касе ки онҳоро аз ҳам ҷудо месозад, хатои кулл менамояд. Ин ду илм, ки шохаҳои як дарахтанд, бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Онҳо якдигарро пурра карда ба ақидаи банда қуввату маънии медиҳанд. Аз ин хотир, хуб мебурд ки дар мактабҳои умумӣ ва олии касбӣ дар мавриди тартиби барнома ва нақшаҳои таълимӣ ин пайвастагиро ба инобат мегирифтанд, чунки инкишофи илми инсониро бе ин пайвастагӣ тасаввур намудан аллакай бемантиқ аст. Чуноне ки шоири хирадманди тоҷик Саъдии Шерозӣ фармудаанд:
Туро илм дар дину дунё тамом,
Ки кори ту аз илм гирад низом.
Дар ҳақиқат, илм инсонро ба дарки амиқи масоилҳо расонида, корашро ба низом медарорад ва ҳидояти ин марди бузург боз чунин аст:
Бирав, домани илм гир устувор,
Ки илмат расонад ба дорулкарор.
Дар ҷои дигар Саъдии бузург ба волидайн низ таъкид карда мефармоянд:
Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омӯзу рой.
Чу фарҳанг рояш набошад басе,
Бимирию аз ту намонад касе.
Басо рӯзгоре, ки сахтӣ барад,
Писар, чун падар нозукаш парварад.
Хирадманду парҳезкораш барор,
Гараш дӯст дорӣ, ба нозаш мадор.
Гарчанде омӯзиши динӣ паҳлӯҳои гуногун дорад, аз нигоҳи мо панҷ равияи асосии тамоилҳои маънии инсониро инъикос менамояд:
- Ҷустуҷӯ ва пайдо намудани ҷавоб ба мафҳумҳои ҷовидонӣ, некию некукорӣ, футувват, матонат, сабру тоқат, ранҷу меҳнат, ҳарому ҳалол, маънии ҳаёт, зебоӣ, покӣ ва ғ.
- Дарёфти роҳҳо ва усулҳое, ки метавонанд роҳнамои ҳаёти ҳар як фард бошанд.
- Кӯшиш барои муомилаи неку ҳалими инсонӣ ба одамон ва табиат, ки метавонад зиндагонии хубро байни халқу миллатҳои гуногун таъмин созад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор