Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
- Роҳҳои бунёди оилаи солим ва тарбияи фарзанди солим.
- Назари нек ба зиндагӣ ва боварии қалбӣ ба оянда.
Аз ин хотир, дин низ ҷаҳонбинии илмӣ ба шумор рафта, дар тарбияи рӯҳии фарзанд ва сарвари оянда аз манфиат холӣ набуда, қавииродагӣ ва боварии шахсиятро мустаҳкам гардонида, ӯро ба роҳи рост, адлу инсоф ва некӣ ҳидоят менамояд. Пас, омӯзиши равандҳои динӣ ба мо метавонад чунин имконот фароҳам орад:
-
Омӯзиши дин ба мо имкон медиҳад, ки ҷаҳонбинии худро сайқал дода, аз ҳар гуна рафтору кирдори бад дур бошем ва ба дигар халқу миллатҳои дунё ҳамкориҳои судманд карда тавонем.
-
Дар таърихи инкишофи башарӣ, дин ҳазорсолаҳо боз хизмат карда омадааст ва барои дарку моҳияти дин ҳамчун қувваи бузурги инкишоф онро бояд биомӯзем. Инчунин, омӯзиши дин ба мо имкон медиҳад, ки ченакҳои гуногуну бои ҳаёти инсониро дарк намоем. Махсусан, барои мардуми Тоҷикистон омӯзиши дини ислом, ки имрӯз зиёда аз 98% мардуми он мусулмонанд, шарти зарурии ҷаҳонбинӣ мебошад.
-
Дини ислом дар инкишофи иқтисодии дарки оламу одам мақоми арзанда дошта, навовариҳои бузургу кашфиётҳои аниқро дар китоби муқаддаси «Қуръон» бо пуррагӣ метавон мушоҳида намуд.
-
Дину оини халқеро надониста, ба ӯ сарварӣ кардан ва ё дар дигар муносибатҳои ҳамкорӣ қарор доштан, ғайриимкон мебошад.
-
Дин ганҷинаи бои ҳикмату тарбия ва инкишофи инсонӣ буда, дар баробари дигар таълимотҳо дар ташаккули босуботи менеҷменти тоҷик дар ҳазорсолаи сеюм мавқеи фаъол дорад.
Ҳамин тариқ, илму донишандӯзӣ ин ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои омӯзиши қонуниятҳои инкишофи оламу одам буда, шахсиятҳое онро дарки амиқ менамоянд, ки пайваста меомӯзанд, чунки дорои дониш, фаросат ва нерӯи бузурги дарки масоил мегарданд. Махсусан, ба олимон барои хоҳиши фарогирии дарки олами атроф, андӯхтани дониш хос мебошад.
Илм моли умум буда, натиҷаи онро тамоми халқияти дунё истифода карда метавонад. Аксар маврид кашфиётҳои бузург дар замони зиндагии худи олим рад карда шуда, пас аз он насли оянда ӯро хеле хуб қабул намуда, дарк

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор