Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Шахсан барои банда ва боварӣ дорам барои ҳар як фарди солимақли тоҷик туҳфаи беҳтарини зиндагӣ он аст, ки барои хушбахтии тамоми инсоният ва махсусан, халқи бузурги тоҷикам агар як заррае манфиат оварда бошем ва каме хизмати софдилонаи созандагӣ карда, дасти касеро дар роҳи инкишофи босуботи ақлонӣ гирифта бошем. Чуноне ки бузургон мегӯянд:

Дӯстдори он касе бошад Худо,
К-ӯ барои хайр заҳмат мекашад.

Аз нигоҳи дигар, ман имрӯз худро боз хушбахттар меҳисобам, ки дар замони зиндагии ман миллати Тоҷик баъди ҳазорсолаҳо боз мустақилият ба даст оварда соҳиби давлат гаштааст. Акнун имкони васеи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологӣ пайдо гаштааст, ки кушоду равшан ниҳоди дили софи тоҷиконаи худро ба тамоми оламиён кушода, миллати бофарҳангу донишманд, созандаю некхоҳ ва бофарҳангу бомаърифат будани худро нишон диҳем. Меваҳои хирадмандонаи ақлонии ҷаҳонбинии ин миллати бузургро бояд ба тамоми курраи замин паҳн карду истеъмол намуд. Мо тоҷикон бояд аз он бифахрем, ки фарҳанги ғанию бой дорем. Хушнуд бошем, ки Худованд моро чунин миллати бузург офаридааст ва гарчанде ҳазорсолаҳо бадхоҳону қурбинони ҷамъияти инсонӣ мехостанд ин миллатро паст зананду қобилияти илоҳии фаҳмишу дониши фарзандони асили ин миллати бузурги таърихиро эътироф накунанд, ба мақсад нарасиданд.

Қобили зикр аст, ки баробари ба арсаи сиёсат қадами нек гузоштани фарзанди фарзонаи миллат, ҷавонмарди хирадманди тоҷик, сарвари давлат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов, дар як мӯҳлати кӯтоҳи таърихӣ (1992 - 2007) садои дили хирадмандонаи миллати тоҷикро тамоми ҷаҳониён шуниданд, пазируфтанд ва барои пешрафти ин ҷомеа дасти ёрӣ дароз карданд. Имрӯзҳо аксари ташкилотҳои байналхалқӣ ва кишварҳои бузурги дунё дар Тоҷикистон намояндагии худро дошта, ба тоҷикон кӯмаки беғаразонаи пулию молӣ расонида истодаанд.

Аз нигоҳи банда, ин ҳамон шӯълаи ҷаҳонбинии хирадмандонаи тоҷикон аст, ки солҳои дароз бо ин умеду боварӣ дар қалбҳои миллати бузург зинда мондааст. Пас, ин бовариро бояд бо роҳи инкишофи илму дониш ва некию

пешина
аз 566
навбатӣ