Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

менамоянд ва мавриди истифодаи ҳаматарафаи тамоми ҷаҳониён қарор медиҳанд.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки тамоми фаъолият ва кӯшишу ғайрати мо барои тарбияи фарзанд ва ташаккули сарварӣ дар оянда, ин ҷустуҷӯ ва пайдо кардани роҳҳо ва усулҳои беҳтарини муносибатҳо мебошад. Дар илм ин муносибатҳои ноил гаштан ба хушбахтиро метавон чунин табақабандӣ намуд:

  1. Риоя ва нигоҳ доштани муносибатҳои байни узвҳои гуногуни баданамон ва рафтори фарзанд, яъне муносибати шуур, ақл, тафаккур, ирода, эҳсос, ҳиссиёт, тасаввур ва ҷону тан.

  2. Муносибат ба падару модар, бародару хоҳар, хешу табор, дӯстону ҳамкорон ва атрофиён.

  3. Муносибат ба муҳити табиат ва сарватҳои табиӣ.

  4. Муносибат ба тағйирёбии ҳолатҳо ва мувофиқан муносибат ба он.

  5. Муносибат ба одам ва олами малакутӣ.

Пас, мо ҳамчун инсони созандаю сарвар бояд ба ин муносибатҳо доимо назари нек дошта, кӯшиш намоем, ки дар пайвастагии ин муносибатҳо қарор гирему хушбахтона бо номи нек зиндагонии ҷовидона дошта бошем. Маҳз, талаботи ташаккули босуботи менеҷменти муосири тоҷик низ ҳамин мебошад.

50.4. Ҷаҳонбинии хирадмандонаи тоҷикон шарти зарурии инкишофи босуботи менеҷменти муосири тоҷик

Хонандаи азиз, мо дар ин мавзӯъ ба нуқтае расидем, ки бояд бо сабти хулосаҳои дақиқу ҳақиқии худ оиди хислатҳои наҷиби миллати донишманду хирадманди тоҷик рӯи қоғаз боварӣ ҳосил намоем, ки маҳз чунин ҷаҳонбинии васеи инсонӣ, шароити хуби инкишофи босуботи менеҷменти муосири тоҷикро метавонад боз 100 солаҳо таъмин созад. Ва барои мо тоҷикон хушбахттарин нафаси зиндагӣ он аст, ки кори хайреро барои инсоният анҷом дода бошем. Лаҳзаи садои дили поки худро ба сӯи дилҳои поки созандаи дигар равона карда бошему бо эҳтироми гузашта имрӯзаро гиромӣ ва ба оянда назари тозаи навини баланд дошта бошем.

пешина
аз 566
навбатӣ