Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
- Давраи дуввум, бо гузашти айём, ки синну сол аз 35 солагӣ боло мешавад, ҷаҳонбинӣ маҳсули солҳои ҷавониро ҷамъбаст карда, ба зинаи тамоман нав мегузарад. Фаҳмиши мо аз доираи хоҳишҳои шахсӣ берун баромада, бо андешаи хизмати халқу ватан ва миллат дар ҷустуҷӯи кашфиётҳо ва эҷодкориҳое мешавем, ки аллакай доираи васеи талаботҳоро дар бар гирифта, мураккабу мушкилтар мебошанд.
Ва дар ҳамин нуқта мо ҳис мекунем, ки оё дар ҷавонӣ дониши кифоя гирифтаем ва барои гурӯҳи муайяни одамон ва халқу миллат то чӣ андоза одами зарурӣ ҳастем, яъне дар ҳамин синну сол инсон имкони назари боаклона пайдо карда, ба худ баҳо дода, метавонад хулосабардорӣ намояд. Дар сурати доштани чунин қобилият вай инсони комил буда, ҷаҳонбинии васеи стратегиро соҳиб гаштааст ва ояндаи нек низ дорад, вале фарде ки ин қобилиятро надорад, дар ҷомеаи солими миллӣ мавқеи худро пайдо накарда, бенишон аз дунё мегузарад.
Аз ин ҷо, барои касби ҷой ва мавқеи худ дар зиндагӣ, аз овони кӯдакӣ дар андешаи омӯхтани донишу ҳунар ва созандагӣ бошед.
Ҷаҳонбинии хирадмандонаи роҳбарии менеҷменти тоҷик бояд чунин хислати баланду бузурги инсониро доро бошад, ки ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ як ҳолати носолим худро аз даст надода, сарбаландона ба пеш ҳаракат намоем. Дар ин ҳолатҳои ногувор тамоми қувваро марказонида барои аз болои масоили хеш ғолиб омадан мубориза бояд бурд. Албатта, баъзе ҳолатҳоро низ мушоҳида менамоем, ки роҳбарон баъди каме синну солашон боло рафтан, ба андаке мушкилӣ худро аз даст дода, ба бемориҳои дилу асаб гирифтор гашта, худро зуд аз даст медиҳанд. Аз нигоҳи хиради менеҷменти тоҷик, сарвари асилу хирадманд ҳамонест, ки то охири умр шуҷоатманду шарафманд боқӣ монда, ҳеҷ гоҳ аз рӯҳияи баланди сарварии худ паст нафарояд.
Шахсияте, ки дар ҳақиқат меҳру муҳаббати илоҳиро дар дил нисбат ба Худо, Ватан, Миллат, Падару Модар, Сарвар, Зану Фарзанд ва Худаш дорад, дар ҳеҷ давру замон дилхаста намегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор