Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

50.5. Равандҳои ташаккули устувори сарварӣ дар
менеҷменти муосири тоҷик

Хонандаи азиз, бояд таъкид намоем, ки ин китоб ҷамъи фикру ақидаҳои ақлонии аксари донишмандони миллати тоҷик ва дигар олимону донишмандони ҷаҳон, оид ба бахши сарварӣ буда, банда зарур шуморидам, ки онро дар шакли кулл ба замони имрӯзаи менеҷмент мувофиқ сохта, ба тариқи равону соддатар пешниҳод намоям. Мақсад аз чунин гирдовари каме ҳам бошад роҳнамоии пайроҳаҳои инкишофи босуботи сарварӣ барои шумо, миллати азизам, бо забони ширини модариатон мебошад.

Мавзӯи охири китоби мазкур низ ҷамъбасти фикру ақидаҳои мавзӯъҳои пешин мебошанд, ки мо дар шакли модели концептуалӣ бароятон пешниҳод менамоем.

Дар натиҷаи омӯзиши равандҳои гуногуни инкишофи менеҷмент ва ташаккули сарварӣ мо ба чунин хулоса омадем, ки асосан панҷ раванди ташаккули сарвар дар менеҷменти муосир шарти зарурӣ буда, роҳбаре, ки ин равандҳоро сарбаландона мегузарад ва ё аз худ менамояд, ба талаботи инкишофи босуботи менеҷменти муосири тоҷик ҷавобгӯ буда, дар оянда сарвари хирадманд мегардад. Аз нигоҳи мо равандҳои асосии ташаккули босуботи сарварро метавонем чунин гурӯҳбандӣ намоем:

  1. Ташаккули хислати қабули ҳодисаҳо ва муҳити сарварӣ.
  2. Ташаккули худдарккунӣ ва аз болои хеш ғалаба кардани сарвар.
  3. Ташаккули диққат додан ба масоили асосии сарварӣ.
  4. Ташаккули дарки ҳолатҳо ва ҳаракатҳои сарварӣ.
  5. Ташаккули навсозӣ ва мувозинатии рафтори сарвар.

Дар поён ҳар як раванди инкишофро дар шакли мушаххас бароятон
таҳлил намуда, хулоса ва пешниҳодҳои муфидро баён месозем. Бояд гуфт, ки
ин хулосаҳо натиҷаи омӯзиш ва тадқиқоти зиёда аз 20 - солаи банда оид ба ин
масоили мураккаб буда, боз фикру ақидаҳои тоза идома доранд ва дар
инкишофанд. Ва мо боварӣ дорем, ки ин пешниҳодҳоямон барои Шумо дар
ҳалли бисёр масоили роҳбарӣ ва зиндагониатон кӯмак мерасонад. Агар нуқтае

пешина
аз 566
навбатӣ