Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ҷиддӣ роҳ доданд, ки кирдори онҳо дар таърихи тоҷикон саҳифаҳои фоҷиавӣ мебошад.
Дар ин давра режими болшевикӣ бо роҳбарии В.В. Куйбишев дар Бухорои Шариф Кумитаи Инқилобии Бухоро ва Шӯрои Нозирон ташкил карданд ва истифода аз қувваи мардуми бесаводи камбағал ҷунбишҳо ташкил намуда, тамоми китобҳои қимматро сӯзонда, шахсони номдору донишманд ва соҳибтамаддуни миллатро хоини Ватан эълон карда, китобҳояшонро нобуд ва худашонро қатл карданд ё ба Сибир (Хунуктарин минтақаи Руссия) бадарға намуданд. Ҳатто дар ин давра хатари аз байн рафтани миллати тоҷик низ пайдо шуда буд.
Фоҷиаи дуюми миллати тоҷик, ин соли 1924 ҳамчун Республикаи худмухтор ба ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Узбекистон ворид намудани Тоҷикистон буд, ки басо нангин аст ва ин тарафи масъала албатта мавзӯи тадқиқотии илмҳои дигар мебошад. Масалан, дар Конститусияи Ҷумҳурии Туркистон, ки соли 1920 қабул карда шудааст, халқи қирғиз, ӯзбек, туркман чун халқҳои таҳҷой сабт шудаанд, вале тоҷикон тибқи суханони академик В.В.Бартольд, «қадимтарин аҳолии кишвар - тоҷикон» аз хотир фаромӯш шуда буд.1
Бинобар ин, барои мо дигар паҳлӯҳои ин замон, яъне сохтор ва ташкили идора, қоидаҳои давлатдорӣ, мақоми мардуми тоҷик ва фарзандони фарзонаи ин миллат дар идораи давлат ва маҳалҳо чӣ гуна сурат гирифтааст, мавзӯи асосӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки бо ҷонбозию кӯшиши фарзандони барӯманди тоҷик Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ ва чанде дигарон 15 октябри соли 1929 Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
Аммо афсӯс, ки марказҳои калони фарҳангии тоҷикон, шаҳрҳои обод, ки тавассути маданияти шаҳрдории мардуми тоҷик бунёд гардида буданд, то имрӯз дар таркиби Узбекистон боқӣ мондаанд, яъне Бухоро, Самарқанд, Қаршӣ, Хоразм, Сурхон ва ғ., ки аксари мардуми муқимӣ ва бомаърифати он тоҷикон мебошанд, дар дасти ӯзбекҳо монданд.
1 М. Бобохонов. Таърихи тоҷикони ҷаҳон. Душанбе, Ирфон. 2002.с. 368с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё