Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
масоилро дорад. Хусусияти хоси ташаккули босуботи фардии сарварӣ дар он аст, ки агар ин давраҳоро гузашта тавонед ва омодаи зинаи дигар бошед, он гоҳ қадами устувор ба пеш мегузоред, вагарна дар як зина монда, иқтидори худро дар ҳамон нуқтаи карахтшуда ба охир мерасонед. Чунонки бузургон мегӯянд:
Зи тифлӣ то ба пирӣ дониш андӯз, Ки он файзу сафои зиндагонист.
Мо шояд ҷараёни физиологиро дарк намоем ва ҳатто ба чашми худ
бибинем, вале раванди ташаккули ақлониро кам мушоҳида менамоем ва ҳатто
дарк намекунем, ки мо аз инкишофи ақлонии хеш дур монда, вобаста ба синну
соламон хираду донишамон камӣ мекунад. Барои ин мо аксар маврид кӯшиш
мекунем, ки худро нишон надиҳем ва ё вақте мебинем, ки ҷавоне тавассути
хираду дониш аз мо пеш мегузарад, ҳар гуна тӯҳмату бӯҳтон карда, гӯё
пешсафии худро нигоҳ медорем. Дар асл ин фикр куллӣ хато мебошад ва вақте
шумо бо ташкили муҳити сунъӣ аз ҷараёни табиии инкишоф бехабар мемонед,
худи ҷараёни табиии инкишоф шуморо чунон ба қафо мепартояд, ки ҳатто инро
пай намебаред. Ҳалли ин масоил дар интихоби дурусти моделе мебошад, ки бе
хароб сохтани ҷараёни пешравӣ, инкишофи босуботро пеша намоем. Бояд гуфт,
ки ҳар як фард, то нокифоя будани дониши худро дарк накунад, талоши
донишандӯзӣ намекунад. Чуноне ки мо бо устоди хеш ва ё шахси аз худамон
босаводтар сӯҳбат дошта, дарҳол ҳис мекунем, ки дониши мо барои дарки ин
масоил басанда нест, бояд дарси устод омӯзем ва ё боз китоби наверо оид ба ин
масоил мутолиа намоем. Агар ин қоида дар рафтори фардии мо пайдо гардад,
аллакай мо қобилияти дарккунӣ ва имкони пешравиро дорем, вале дар акси ҳол
аҳволамон хароб мегардад. Ин ҳолатро мо дар ҳолати майдони варзишии яка ба
яка хеле хуб мушоҳида менамоем. Агар мо пайваста ба устод диққат дода, роҳу
усули омӯзиши ӯро хуб дарк ва қабул намоем, он гоҳ бо мурури вақт
метавонем варзишгари хубу варзида гардем. Аммо вақте ба майдон ё толори
варзишӣ омада, кӯркӯрона машқ карда, баромада меравед ва баъди чанде
рақибонатон, ки дорои хислати хуби дарккунӣ ва худмаҷбурсозӣ буда, ба варзиш
мувофиқи таълимоти устод пайваста ва бошуурона машғуланд ва новобаста аз он
ки ба варзиш баробар оғоз карда бубед, аз Шумо пеш мегузаранд, аз шарм
дигар ба он толори варзишӣ намеравед ва ё умуман варзишро тарк карда, худро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор