Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ба дигар ҷой мезанед. Агар ҳамин хислат идома ёбад, оқибат аз инкишоф боз мемонед.
Аслан одамон чунин хислат доранд, ки бештар аз муваффақиятҳои дигарон мисол оварда, онҳоро муҳокима мекунанду ҳатто ҳасад низ мебаранд, аммо кам ҳолатҳо ба худ савол медиҳанд, ки чаро худ чунин муваффақиятро соҳиб нестанд? Агар чунин савол дар назди худ гузошта метавонистед, он гоҳ шумо низ аз ҷараёни пешравӣ қафо намемондед. Мушкилот танҳо дар он аст, ки қисме аз одамон паст будани сатҳи фаҳмиши ақлонӣ ва касбии худро нисбат ба шахси комёб дарк намекунанд.
Дар ҳақиқат, ҳалли масоиле ки барои Шумо мушкил асту имконпазир, маънои онро дорад, ки сатҳи донишатон аз дарки масоили ба миёномада поёнтар буда, ҳалли он боз як зинаи баландтари дониш ва дарки масоилро талаб мекунад. Пас, мо чунин қоидаи ташаккули инкишофро дар худ одат кунонида, барои ҳалли мушкилот худро маҷбур созем, то ба зинаи баландтари фаҳмишу дониш гузашта масоили ба миён омадаро ба зудӣ ҳаллу фасл намоем. Дар баробари ин, мо имкон пайдо мекунем, ки бо сайқал додани қобилияти худ инкишоф ёбем, яъне дарки масоилро доимо аз рӯи қоидаи «Аз ботин ба зоҳир»
ҷустуҷӯ намуда, тафаккури ботиниро мустаҳкам созем. Агар чунин қоидаро риоя карда тавонем, он гоҳ мо аз болои худ ғалаба карда дар вуҷудамон як низоми хуби пайдарпаии инкишофи «Хоҳиш - Дониш - Кордонӣ»-ро тарбия менамоем.
- Ташаккули диққат додан ба масоили асосии сарварӣ.
Дар раванди 1-2-юми ташаккули рушди босуботи сарварӣ мо ҷараёни мустаҳкамшавии тафаккури фардии сарвар ва тасаввурро сайқал дода, ба зинаи сеюми дарки масоил гузаштем, яъне аллакай имкони коркарди масоилро бояд пайдо карда бошем. Дар ҳаёти имрӯзаи роҳбарон ҳар як дақиқаю соат ҳазорон ахбору ҳолату ҳодисаҳое ба вуҷуд меоянд, ки ақли инсонӣ аксар маврид ба дарки пурраи он тақисӣ некашад ва ҳатто имкони вақтӣ намеёбад.
Аз ин хотир, мо дар модели концептуалии инкишоф қобилияти диққат
додан, коркард ва ҷудо карда гирифтани масоили асосиро гузошта, умеди ба
имкони фикрронии озоди роҳбар умед дорем. Мустақилияти озоди фикррониро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор