Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

пайдо кардани сарвар боз як нишонаи пешравии ӯ буда, ба самаранокии худбназоратии роҳбарӣ кӯмак мерасонад. Бояд гуфт, ки ин қобилияти интихоб, қабули қарори дурусти роҳбарӣ ва коркарди барномаи иҷрои масоил буда, дар заминаи сифатҳои зерини сарвар пайдо мегардад:

Иродаи баланди роҳбарӣ доштан — сифати хуби сарварӣ буда, доимо мушкилиҳою нофаҳмиҳои пайдошударо аз сари роҳ дур месозад.

Мақсаднокии хислати сарварӣ — ин нишонаи пешравии сифатии роҳбарӣ буда, аз рӯи фаъолияти ҳаррӯзаи мо баҳо дода мешавад. Агар дар фаъолият ва натиҷагирии кори мо нишонаҳои мақсадрасии асосӣ баръало дида шавад ва ҷамъият ба он баҳои мусбӣ диҳад, он гоҳ мо гуфта метавонем, ки дар ҷараёни ташаккули босуботи сарварӣ қарор дорем, яъне роҳи дурустро интихоб карда ба мақсад наздик шуда истодаем.

Диққатро ба масоили асосӣ равона кардан — дарки муҳиммияти масоил, қисми таркибии инкишофи сифатан нави сарварӣ буда, вобаста аз он, ки то чӣ андоза моҳияти муҳимии масъаларо дарк карда, ҳалли онро дар навбати аввал гузошта, ба он маблағу вақт сарф менамоем, дараҷаи ташаккули босуботи сарварии мо муайян карда мешавад.

Ҳамин тариқ, дар ин раванди концептуалӣ аллакай нишонаҳои пешвоии роҳбарӣ пайдо гашта, сарвари хирадманд бо ҷудо кардани моҳияти масоил ва иҷрои мантиқию пайдарпании вақтии онҳо, метавонад ба муваффақиятҳои калон ноил гашта, кормандону атрофиён ба сарварии вай бовар карда, аз қафои ӯ мераванд. Ин худ аллакай нишонаи пешвой ва зинаи баландтари ташаккули сарварӣ мебошад.

  1. Ташаккули дарки ҳолатҳо ва ҳаракатҳои сарварӣ.

Дар мавзӯъҳои гузашта мо оиди тағйирёбандагии ҳолатҳои инкишофи табиӣ, тағйирёбандагии вақт ва гузашти айёми роҳбарӣ пурра гуфта гузаштем. Дар ин ҷо як маротибаи дигар диққат ба он медиҳем, ки ин ҳолатро ҳамчун раванди ташаккули босуботи инкишофи сарварӣ қабул карда, ҳар як сарвар вазифадор аст, ки тамоми умр ба муайян кардани ҷо ва мавқеи худ дар ҷараёни инкишоф диққати асосӣ дода, кӯшиш намояд, ки ҳамқадами замон бошад.

пешина
аз 566
навбатӣ