Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ҲИРАДНОМАИ РОҲБАРӢ
(ба ҷои охирсухан)
Рӯҳе ки дар он хирад вуҷуд надорад, мурда аст, аммо дар мавриди онро бо дониш обутоб додан зинда мегардад, ба монандӣ замини бекорхобида, ки дар он борон боридааст.
Абу - ал - Фараҷ.
Шахсе, ки аз аввал арзанда умр ба сар мебарад, аз азоби виҷдон эмин аст.
Абу - ал - Фараҷ.
Инсон то гуруснаю ташна намонад, лаззати обу нонро дарк намесозад.
Августин.
Аз ҳама бойгарии бузург ақл аст.
Алӣ - ибни Абӯтолиб.
Дӯстон оинаи равшантарини якдигаранд.
Анварӣ.
Дарахтро новобаста аз решаҳои чуқуру бузургӣ дар лаҳзае метавон решакан кард, аммо барои ба бор расониданаш солҳо лозим аст.
Самарқандӣ А.
Сухан беҳтарин гавҳар аст, чунки дар он ёди инсон мемонад.
Самарқандӣ А.
Накукор танҳо намемонад, ба ӯ албатта ҳамсоя пайдо мегардад.
Конфуций.
Ман ростиро мақсади хеш, накукориро ёвар интихоб намуда, дастгириро дар инсоният ва ҳаловатро аз санъат ёфтам.
Конфуций.
Кӯшиш намоед, то каме ҳалим бошед, он гоҳ мебинед, ки кори бадро карда наметавонед.
Конфуций.
Хомӯшӣ дӯстест, ки Шуморо ҳеҷ гоҳ намефурӯшад.
Конфуций.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор