Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Вақте маънии суханро намедонед, одамонро шинохта наметавонед.
Конфуций.

Хирадмандон ба ҳама дилкашанд. Инсони бохирад муноқишаро боақлона аз байн мебарад. Донишмандон ҳавобаланд намешаванд. Ин гуна инсонҳо монандӣ асаланд, ки дар хӯрок меъёри кифоягӣ доранд. Ҳамаи гуфтаҳои боло нишонаҳои накӯкории Олӣ мебошанд.
Хун Цзичен.

Накӯкор - сарвари қобилиятҳо ва қобилият хизматгори накӯкорон аст. Агар дар хона сарвар набушад, хизматгоронро ҳама кор мефармоянд, ки дар натиҷа бесарварӣ ҳукмфармо мегардад.
Хун Цзичен.

Хатои дигаронро бахшидан мумкин аст, вале хатои худро не.
Хун Цзичен.

Беҷуръатӣ нишони бехирадист.
Махатма Ганди.

Фиребгар оқибат худро фиреб медиҳад.
Махатма Ганди.

Бахшида тавонистан хислати мардони бузург аст, заифирода ҳеҷ гоҳ бахшида наметавонад.
Махатма Ганди.

Шахсе ки худро идора карда наметавонад, ӯ мавзеи идоракунии дигарон мегардад.
М. Иқбол.

Мазмуни зиндагӣ - ин худро шинохтан аст.
М. Иқбол.

Агар хоҳӣ ки азоб накашӣ, бахил мабош.
Кайковус.

Ҳатто нӯшдору заҳр мегардад, агар аз ҳад зиёд бошад.
Кайковус.

Касе худро ба худписандӣ андохт, чароғашро дар муқобили боди тунд мегузорад.
Биноӣ.

пешина
аз 566
навбатӣ