Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мушкилӣ дар инсон қувваеро пайдо месозад, ки онро паси сар мекунад.
У. Филлипс.

Вақте ки ба мушкилӣ гирифтор мегардед, шуҷоатмандона ва боҷуръатона ба пеш ҳаракат намоед.
У. Филлипс.

Зиндагӣ ин мубориза аст. Ҳар як давраи ҳаёт муборизаҳои худро доранд. Мо мубориза бурда, аксар маврид онро дарк карда наметавонем.
Делия С. Гусман.

Санъати зиндагӣ нисбат ба санъати рақс бештар ба санъати варзиш монанд аст, чунки вай нисбати номуайянӣ тайёрӣ ва истодагариро талаб менамояд.
Марк А. Антонин.

Ҳар як афсар бояд майдони ҷангро ҷои ба охиррасии рӯзи худ қабул намояд. Агар ӯ талоши зинда мондан кунад, нобуд мегардад, вале баръакс, агар аз марг натарсад, ҳаёти ӯро хавфе таҳдид наменамояд.
У — Иэн.

Он муваффақияте, ки як ё ду нафар ба даст меоранд, ҳама ба даст оварда наметавонанд.
Ҷордано Бруно.

Ҳар яки мо, аз хурд то бузург ва аз қавӣ то заиф қобилияти ғалабаро дорем.
Хорхе А. Ливрага.

Қаҳрамон аслан, нисбати мардуми оддӣ доимо шуҷоатманд нест, ӯ фақат дар муддати панҷ дақиқа шуҷоатмандтар аст.
Р.У. Эмерсон.

Барои ноил гаштан ба чизи арзанда дар олам, дар соҳил истода андешаи хунукии об ва ё хатари оббозиро накарда, худро ба об андозед ва чӣ тавре ки тавонед шино кунед.
С. Смит.

Инсон ҳамон вақт ба муваффақият ноил мегардад, ки ба қувваи худ боварӣ дошта бошад.
Л. Фейребах.

Дар ҷое ки ягонагист, дар он ҷо доимо ғалаба ҳукмфармост.
Публилий Сир.

пешина
аз 566
навбатӣ