Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Санъати ғалаба кардан, ин қобилияти доимо бо худ будан аст.

Хорхе А. Ливрага.

Мустаҳкамии ҳар як давлат ва пойдевори ҳар як мамлакат дар адолат ва ҳақпарастӣ мебошад.

Ас. Самарқандӣ.

Афсӯс, мо намебинем он чиро, ки одамони хирадманд дарки масоили муттаҳидӣ менамоянд.

Бейль.

Вақт — устоди бузург аст.

Берк.

Қувваи мо дар дӯстии мустаҳкам аст.

Бернс.

Машварат пурсидан боварии комили як шахс бо дигаре мебошад.

Боккаччо.

Зиндагӣ ин мубориза буда, мубориза ин зиндагист.

Бомарше.

Вақте ки занҳо меранҷанд, дар сухани онҳо фикри солисро интизор нашавед.

Бомарше.

Ҷавонмардона ба худ ғалаба кардан, аз муваффақиятҳои олии инсонӣ мебошад, ки ҳар як марди хирадманд бояд аз он бифаҳрад.

Бомарше.

Оё дар ҷаҳон аз зани зебо дида, чизи зеботаре вуҷуд дорад?

Брантом.

Ҳақиқат ҳақиқатро инкор намекунад.

Бруно.

Ҳаракат ба сӯи ҳақиқат, ягона роҳи қаҳрамонист.

Бруно.

Касе андешаронии аниқ дорад, вай сухани аниқ мегӯяд.

Бӯалӣ.

Мавқеъ ва мубориза доимо аз худи мо вобастааст.

Бҳаса.

пешина
аз 566
навбатӣ