Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Гарчанде олимону донишмандони тоҷику рус ва дигар халқҳои бародари собиқ Иттифоқи Шӯравӣ концепсияи нави идоракунии аз се қисм иборат буда: «тадқиқоти аниқи илмӣ - тайёр кардани кадрҳои идораӣ - гузаронидани экспериментҳои алоҳида»-ро бо назардошти минтақаҳо пешниҳод карда бошанд ҳам, системаи коммунистӣ онро ба инобат нагирифта, режими тоталитарии идоравии хешро маҷбуран амалӣ мегардонид, ки ин дар асл мардумфирибӣ буду халос.

Дар ин давра дар Тоҷикистони Шӯравӣ донишмандон ва шоиру нависандагон Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, М. Осимӣ ва дигарон барои миллати хеш хизматҳои арзанда карданд.

Бобоҷон Ғафуров, ки донишманди асил ва олими намоёни замони нав буда, аз соли 1937 то 1956 вазифаи Котиби аввали Ҳизби Коммунистро ба уҳда доштанд, дар пешрафти таърихии миллати тоҷик мақоми арзанда доранд.

Соли 1946 раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Расулов Ҷ.Р. таъин гардид. Дар ин солҳо дар Тоҷикистон аввалин мактабҳои олии замонавӣ ва Академияи Илмҳои Тоҷикистон (1951) ташкил карда шуд. Дар соли 1947 китоби Бобоҷон Ғафуров «Таърихи халқи тоҷик» нашр гардид, ки барои омӯзиши таърихи кӯҳанбунёди миллати тоҷик ва ояндаи он пойгоҳгузорӣ намуд. Баъдан соли 1949-ум китоби «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ аз чоп баромад, ки аз эҷодшавии осори ниёгони бузурги миллати тоҷик огоҳӣ медод.

Соли 1956 котиби аввали ҲКТ Турсунбой Улҷабоев (1956-1961) таъин гардиданд. Дар ин замон дар марказ низ тағйироти роҳбарӣ ба миён омаданд ва Н.С. Хрушев (1956-1964) котиби аввали ҲКИШ интихоб шуданд, ки бо роҳи маҷбурии ислоҳоти иқтисодӣ тамоми Шӯравиро ба изофанависии беасоси иқтисодӣ маҷбур сохтанд ва ин барои Тоҷикистони ҷавон низ бетаъсир намонд. Хоҷаҳои лаганбардори ниқоби «Коммунист» пӯшидаи хиёнаткори тоҷик, роҳбарони асили тоҷикро, махсусан, роҳбарони минтақаи Кӯлобро ба доми ин ислоҳот кашиданд, ки ин барои миллати тоҷик фоҷиаи калони баъдиҷангӣ буд. Т.Улҷабоев низ қурбони ин ислоҳот гардид ва ба сари қудрат Ҷаббор Расулов (1961-1982) омаданд. Ин солҳо дар таърихи иқтисодии Тоҷикистон дар таърих ҳамчун солҳои «Давраи рукут» муаррифӣ шудааст. Дар марказ (Кремл) бошад Л.И. Брежнев (1964-1982) ба сари қудрат омад.

пешина
аз 566
навбатӣ