Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Соли 1994 боз хирадмандиву донишмандии миллати тоҷик боло гирифту мо бо роҳи овоздиҳии умумӣ қонуни асосиамон «Конститутсия», Сарқонунро қабул намуда, роҳи инкишофи ояндаро бо роҳбарии фарзанди боору номуси миллат, сарвари ҷавону боғайрат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов интихоб намудем, ки доир ба мавқеи ин шахси хирадманд дар мавзуъҳои оянда ба Шумо хонандаи азиз муфассал маълумот медиҳем.

Эмомалӣ Раҳмонов — эҳёгари хиради давлатдории навини Тоҷикистон

16-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи тақдирсози миллати тоҷик ба вуқӯъ пайваст, ки ин ҳам бошад, интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмонов ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин роҳбари ҷавону пургайрат, ҳақиқатпарасту адолатхоҳ, некбину хирадманд, ки ҳамагӣ 40 сол доштанд, сухани аввалини худро аз даъвати фарзандони миллати тоҷик ба дӯстию рафоқат сулҳу оромӣ ва барқарорсозии давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғоз карда, дар ин роҳи созандагӣ такя бар Худованди пок ва хираду дониши миллати бузурги тоҷик намуданд.

Эмомалӣ Раҳмонов бо дили чун оина поки хеш ва қувваи ҷавонмардонаю ҳирадмандонааш дар асоси талаботҳои Сарқонуни Тоҷикистон, ки бо роҳи райпурсии умумихалқӣ (бо иштироки 87% овоздиҳандагон) 4-уми ноябри соли 1994 қабул шуда буд, инчунин, ба истифода аз қувваи тавонои ҳиради миллати тоҷик, тавонистанд дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистони ба гирдоби хун ғуттазадаро берун кашида, шартномаи «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти Миллӣ дар Тоҷикистон»-ро 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расонанд, ки мислашро таърих то ҳанӯз надида буд. Чунин як рафтори ҳирадмандонаи сарвари мамалакат барои инкишофи ояндаи давлати ҳуқуқбунёду дунявии миллати тоҷик ва дигар халқу миллатҳои ҷаҳон пойдевори асосӣ гузошт.

Бояд гуфт, ки бо талошҳои зиёди Эмомалӣ Раҳмонов ва роҳбарии мухолифин С.А.Нурӣ имзо гардидани созишномаи сулҳ имкони воқеӣ фароҳам овард, ки дар мамлакат сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармо гардида, гурезаҳо аз

пешина
аз 566
навбатӣ